БОВАРӢ БА ФОЛБИНУ СОҲИР МЕТАВОНАД БА АҚЛ ВА ФИКРИ ИНСОН ЗАРАР РАСОНАД. Ва ё чаро одамон ба фолбинҳо бовар мекунанд?
ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон 495 ҳодисаи ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.
Солҳои охир дар ҷомеа шумораи одамоне, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ рӯй овардаанд, зиёд шудааст. Рӯ овардан ба фолбинӣ метавонад ба ақл ва фикри инсон зарар расонад. Ин метавонад боиси баровардани хулосаҳои нодуруст ва мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ шавад.
Коршиносони масоили иҷтимоӣ иброз медоранд, ки барои ҳалли ин мушкилот зарур аст, ки ҷомеа ва махсусан мақомоти масъул барои баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ ва маънавӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Тарғиб намудани илму дониш, тарзи дуруст ва мантиқии ҳалли мушкилот ва ҷилавгирӣ аз фиреби фолбинҳо бояд дар мадди аввал бошад.
Дар ин самт аз ҷониби кормандони милитсияи ҷумҳурӣ ҳамарӯза дар саросари мамлакат амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд. Чанде пеш аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино шаҳрванд Ҳисиёнбӣ Мирзоева зимни машғул шудан ба фолбинӣ дастгир карда шуд. Нисбат ба номбурда бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо Қарори Суд нисбат ба ӯ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 6 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин гардид.
Инчунин 23 сентябр Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар сомонааш иттилоъ нашр намуд, ки Наталя Букреева муддати тӯлонист, ки дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандонро қабул намуда, бар ивази маблағҳои гуногуни пулӣ амалҳои фолбинию ҷодугариро иҷро мекардааст. Номбурда бо аксҳои шаҳрвандон, қарта, қулфу калид, шамъу ришта, сӯзану гӯгирд, пари кабӯтар ва дигар ашё ба фолбинию ҷодугарӣ машғул мешудааст. Дар натиҷа нисбат ба Наталя Букреева ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6 ҳазор сомонӣ таъйин карда шуд.
Ҳамчунин моҳи июли соли равон кормандони милитсияи вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидаи амалиёти санҷишӣ дар ноҳияҳои Шаҳритус, Балҷувон, Ҷайҳун, Восеъ ва Носири Хусрав 10 ҳолати мардумфиребиро ошкор карданд. Сокинони ноҳияи Ҷайҳун Мамадайха Нурубулоев ва Сафаргул Имомова, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус Ҳидоят Абдуллоева, сокини ноҳияи Ховалинг Мирзомудин Ятимов, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб Холбӣ Давлатова, сокини ноҳияи Данғара Сайранбӣ Шокирова, сокини ноҳияи Восеъ Абдусалим Иброҳимов ва сокини ноҳияи Носири Хусрав Бибироқия Қаршиева аз зумраи нафароне мебошанд, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул будаанд.
Нисбат ба ин нафарон тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Ҳамзамон нисбат ба сокинони ноҳияи Шаҳритус Холмурод Турахонов ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шодигул Сафарова барои такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Соли равон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд нисбат ба се ҳуқуқвайронкунанда, ки ҳар кадом бо тарзу усули хос бо ваъдаи кушодани бахт, табобат аз бемориҳо, кушоиши кор ва муваффақият дар зиндагӣ хизмат расонида, бо ин роҳ даромади пулӣ ба даст меоварданд, ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шуд.
Аз гузоришҳои видеоии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо маълумот пайдо намудем, ки фолбинону ҷодугарон бо роҳи дуохонӣ ва иҷрои ҳар гуна амали ғайрмаъмулӣ бо истифода аз ашёи сахту карахт ба гумроҳ кардани корафтодагон машғул мешудаанд. Масалан, сӯзонидани латтапораҳои ҳарранга ва гирди сари инсон давр занонидани он гӯё метавонистааст инсонро аз дарду ранҷ озод карда, ба шахси муваффақ табдил диҳад.
Дар ин замина аксари сокинон дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳангоми дидани ин гузоришҳо фикру андеша баён намуда, навиштаанд, ки фолбинӣ дар ҳаёти шахсӣ муаммову печидагиҳои зиёд дорад ва агар онҳо қудрати иваз кардани сарнавиштро медоштанд, пеш аз ҳама, ҳаёти шахсии худро иваз мекарданд.
Аз ҷумла, шаҳрванд Қудратулло Раҳматуллоев навиштааст, ки мақомот бояд на танҳо фолбинҳо, балки нафаронеро, ки низ назди онҳо мераванд, акс гирифта, расонаӣ кунанд. Дар ин ҳол шояд ба назди фолбинҳо дигар ҳеҷ кас наравад. Бо мурури вақт бо сабаби набудани мизоҷ фолбинҳо худашон аз ин кор даст мекашанд.
«Агар фолбинҳо қудрати кушодани кори бастаро дошта, сабаби пешравии зиндагии одамон шуда метавонистанд, имрӯз ҳама бояд муваффақу хушбахт зиндагӣ мекард. Бояд чӣ қадар содаву бесавод бошӣ, то ба чунин афрод бовар бикунӣ»,- навиштааст Шаҳло ном нафаре дар сомонаи иҷтимоии «Фейсбук».
Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба сокинон зарари фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки машғул шудан ба фолбинӣ ва боварӣ ба фолбинону истифода аз хизмати соҳирон нангинтарин амал ба шумор шумор меравад, аммо аксари онҳо дидаю дониста боз ба ин кирдори номатлуб даст мезананд.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз 31 июли соли 2025 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 482 илова 1 (истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи ин модда нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасонии онҳо истифода мекунанд, акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 29 октябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар пайи дастуру супоришҳо ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилӣ соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1500 нафари ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ машғул боздошт ва беш аз 5000 муллоҳои камсавод бо ҷурми ифротгароӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд, ки «Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар».
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид
Дар Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад
Прокуророни генералии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъмини амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд
Дар мулоқоти Прокурори генералии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД масоили амнияти дастҷамъӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад






