Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ

Сентябрь 24, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳофизшиносӣ имрӯз дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон ба яке аз самтҳои муҳими адабиётшиносӣ табдил ёфта, дар баробари таҳия ва нашри «Девон»-и Ҳофиз ва матншиносии он, яъне муқобалаву муқояса ва танқеҳу тасҳеҳи нусхаҳои муътабар ва нусхабадалҳои ашъори ин шоири малакутӣ, инчунин таҳқиқи абъоди мухталифи рӯзгору осор, ҳунари шоирӣ, корбасти муҳассиноти калом, шарҳнависӣ, сабкшиносӣ, нусхашиносӣ ва ҳатто нишонашиносии шеъри Лисонулғайб корҳои зиёди илмию интиқодӣ анҷом дода шудаанд. Муъбартарини онҳо чопи Муҳаммади Қазвинӣ ва Қосим Ғанӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Масъуди Фарзод, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ  ва Салими Найсорӣ мебошад. 

Ҳофизшиноси эронӣ Алии Мирансорӣ менависад, ки: «…ҳудуди 1700 нусхаи хаттии «Девон»-и Ҳофиз дар муҳити форсизабонон» шиносоӣ ва феҳрист шудааст.

Ин шумора, бешубҳа, аз шуҳрати ашъори оламгири Ҳофиз гувоҳӣ медиҳад. Дар Эрон аксари нусхаҳои қадимаи Девони Ҳофиз чопи факсимилӣ низ шудаанд.

Нахустин нусхаи муътабаре, ки дар аксари чопҳои интиқодии Девони Ҳофиз нусхаи асос қарор гирифт, нусхаи соли 813 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф ба 1424 милодӣ мебошад, ки тавассути донишманди эронӣ Абдурраҳими Халхолӣ соли 1306 шамсии хуршедӣ ба муомилаи илмӣ ворид гардид.

Девони Ҳофиз, ки аз ҷониби Салими Найсорӣ таҳия шудааст, дар асоси 150 нусхаи хаттӣ анҷом гирифта ва яке аз чопҳои охирини муътабар ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳқиқи Салими Найсорӣ, то кунун 51 нусхаи қадимии Девони Ҳофиз ба даст омадааст, ки аксараш дар асри XV қаламӣ шудааст.

Аз ин дастнависҳо ду нусхааш марбут ба Осиёи Миёна аст.  Нусхаи аввал- нусхаи хаттии «Девон»-и Ҳофиз таҳти рақами 555, ки дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳоло Маркази мероси хаттӣ нигаҳдорӣ мешавад ва соли китобати он 805 ҳиҷрии қамарӣ/ 1403 милодӣ аст. Ин нусха аз ҷониби донишманди тоҷик Гулсум Галимова ва бо таҳрири академик Абдулғанӣ Мирзоев шиносоӣ, таҳқиқ ва ба нашр расидааст.

Ҳамзамон бо ин, донишманди дигари тоҷик Амрияздон Алимардонов мақолае бо номи «Андешаҳо перомуни қадимтарин нусхаи осори Ҳофиз» дар бораи нусхаи мавриди гуфтугӯ ва нусхаҳои дигари маҳфуз дар ганҷинаи дастнависҳои шарқи собиқ Институти шарқшиносии Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз ҷумла менависад, ки «ин нусха соли 2000 ҳамчун қадимтарин намунаи осори Ҳофизи Шерозӣ дар феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудааст», ки ин гуфтаи ӯ дар ҳамон замон сидқ мекунад. Аз он рӯзгор 25 сол сипарӣ шуда ва дар ин фосила боз ду нусхаи дигари Девони Ҳофиз ёфт шуда, ки таърихи истинсохи онҳо нисбат ба нусхаи 555 Маркази мероси хаттии Тоҷикистон қадимтар мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҳамин мақолаи  муаллиф дар масъалаи истинсохи нусха ихтилофи оро дида мешавад. Ӯ дар ибтидои мақолааш соли китобат шудани онро соли 807 ҳиҷрии қамарӣ медонад, вале баъдтар менависад, ки «дар саҳифаи 140а соли китобати он 805 ҳиҷрии қамарӣ» нишон дода шудааст, ки ин фикр дуруст мебошад.

Нусхаи дувум- нусхаи хаттии «Девон»-и Ҳофиз мебошад, ки аз китобхонаи ба номи Абурайҳони Берунии Институти шарқшиносии Тошканд дарёфт гардида, соли 803 ҳиҷрии қамарӣ/1400 милодӣ рӯнависӣ шудааст, мо гумон мекардем, ки ин нусха қадимтарин нусхаи шинохташудаи Девони Ҳофиз аст. Ин нусхаи мунҳасир ба фард пас аз 11 соли марги Ҳофиз рӯнависӣ шудааст.

Соли 2024 як гурӯҳ донишмандони эронӣ меҳмони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуда, чопи факсималии нусхаи «Девони Ҳофиз»-ро тақдим намуданд, ки соли китобаташ баробар ба 801 ҳиҷрии қамарӣ/1398 милодӣ, яъне 9 cол пас аз вафоти шоир мебошад, ки дар айни замон куҳантарин нусхаи шинохташудаи комили «Девони Ҳофиз» аст.

«Пайдоиши дастнависҳои куҳан аз ашъори Ҳофиз, — менависад дар дебочаи он донишманди эронӣ Имомӣ, – бавижа наздиктар ба замони ҳаёти ӯ барои ҳофизпажӯҳон хабаре дилпазир ва иттифоқе чашмгир аст. Ҳарчанд ин ривоятҳои куҳан наметавонанд садои худи Ҳофизро мунъакис намоянд, аммо метавонанд моро то ҳудуде ба асолат ва хулуси ин садо наздиктар кунанд ва тасарруфоти нусхаҳоро дар забти он, дар гудор ва гузори замон ошкортар намоянд».

Дар навбати аввал бояд гуфт, ки бо пайдо шудани ин нусха ва нусхаҳои нисбатан кӯҳнаи дигаре, ки то соли 827 ҳиҷрии қамарӣ/1423-24 ба даст омадаанд, дар масъалаи нахустин ҷамъоварандаи девони Ҳофиз будани Муҳаммад Гуландом шубҳа эҷод мешавад. Зеро тибқи таҳқиқи аксари ҳофизшиносони номӣ, нахустин мудаввани девони шоир Муҳаммад Гуландом буда, пас аз фосилаи сивупанҷ соли даргузашти адиб, яъне соли 827 ҳиҷрии қамарӣ/1423-24 милодӣ ба гирд овардани ашъори Ҳофиз пардохтааст.

Инчунин дар чопҳои муътабари Қазвинӣ-Ғанӣ, Парвизи Хонларӣ, Масъуди Фарзод, Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Салими Найсорӣ ба нусхаҳое истинод шудааст, ки бе таърих мебошанд ва онҳо асосан ба сиҳҳати матн такя намудаанд, ки равиши дурусти илмист.

Мехоҳам ба як нукта таваҷҷуҳи шуморо ҷалб созам. Оё то тасҳеҳи Девони Ҳофиз, ки аз ҷониби Муҳаммади Қазвинӣ ва Қосими Ғанӣ, ки аз чопи он 60 сол сипарӣ мешавад, дар асрҳои гузашта донишманде будааст, ки девони Ҳофизро аз лиҳози равиши тасҳеҳи интиқодӣ таҳрир кардааст? Оре, чунин донишманд Муҳаммад ал-Ҳусайнии Қудсии Шерозист, ки 130 пеш аз ин, дақиқтараш соли 1886 девони Ҳофизро аз рӯи 50 нусхаи хаттӣ тадвин намуда, ба муқобалаи он пардохта ва онро бо дасти худ, яъне бо хатти настаълиқ китобат кардааст, ки соли 1322 ҳиҷрии қамарӣ/1904 милодӣ дар Бумбай чопи сангӣ шуда, борҳо ба табъ расидааст. Ҳамин нусха баъдан аз ҷониби Ҳасан Зулфиқорӣ ва Абулфазл Алии Муҳаммадӣ бо чопҳои Қазвинӣ, Хонларӣ, Соя ва Найсорӣ муқоиса шуда, соли 1381 ҳиҷрии қамарӣ тавассути чопхонаи Чашмаи шаҳри Теҳрон нашр шудааст, чунин ба назар мерасад, ки Қудсӣ нусхаҳои хуб дар даст дошта, хусусан аксари ғазалҳои мансуб ба Ҳофизро дар он метавон пайдо намуд.

Нусхае, ки бо кӯшиши Масъуди Миршоҳӣ ба чоп омадааст, бар мабнои Девони Ҳофиз нусхаҳои хаттии пароканда дар Варазрӯд омода шудааст, ки баргардони онро камина ва муҳаррири Девони Ҳофиз- матншиноси номии тоҷик Мубашшири Акбарзод бар дӯш доштаанд. Ин девон соли 2024 дар чопхонаи «Истеъдод» бо теъдоди 300 нусха чоп шудааст.

Мехоҳам дар бораи вежагии ин нусха чанд мулоҳизаро, ки Масъуди Миршоҳӣ баён доштааст, ба самъи шумо бирасонам: «Нусхаест  хаттӣ ва кӯҳна бо хатти настаълиқи хоно,  бе ному нишон дар қатъи  (8.5)  15 дар (18.5) 25  сантиметр, бо ҷилди чармӣ ва коғази фарсуда. Таърихи китобат ва номи котиб мушаххас нест. Бе муқаддима (шояд афтода бошад)  шомили 472  ғазал, соқинома (70 байт), муғаннинома (22 байт), маснавиёт, тарҷеъбанд,  таркиббанд, мухаммас ва чандбайтиҳо мебошад. Матни китоб  аз оғоз то поён  «Девон»-и Ҳофизро ташкил медиҳад. Сафҳаҳо бо хаткашиҳои сурхранг барои таҳзиб омода шудааст.  Ҳудуди 25 то 29 ғазал дар бахши «м» афтодааст ва дар поёни китоб, ки чаҳорпораҳо омадаанд, нотамом монда ва баргаҳое гум шудааст. Радифи ғазалҳо, тартиби байтҳо ва маснавиёт дар муқоиса бо осори мунташиршуда аз Девони Ҳофиз мутафовит аст.  Дар ин нусха  барои навиштани  ҳарфи «ч» ва «п» гоҳе ду нуқта ва гоҳе се нуқта истифода шудааст. Дар зери ҳарфи «с» гоҳе ду нуқта ва гоҳе се нуқта омадааст. Ҳарфи «г» ҳамеша монанди «к» навишта шудааст. Эродҳои оқои  Муҳаммади Қазвинӣ ба нусхаи оқои Халхолӣ (матни асли «Девон»-и Ҳофиз чопи Муҳаммади Қазвинӣ ва доктор Қосими Ғанӣ), ки дар муқаддимаи китоб ба эҳтимомашон мунташир шудааст, ба ин нусха ворид нест. Бархе аз ғазалҳоеро, ки оқои Парвиз Нотили Хонларӣ (Девони Ҳофиз, ҷилди дувум, Интишороти «Хоразмӣ», Теҳрон, 1375)  ва  оқои Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя (Ҳофиз ба саъйи Соя, Теҳрон, нашри «Корнома», 1377), ки интисоби онҳоро ба Ҳофиз машкук донистаанд, дар ин нусха бо абёти бештаре мавҷуданд. Дар байни нусхаҳои мунташиршуда нусхаи Фаридунмирзо («Девон»-и Ҳофизи Лисонулғайб, нусхаи Фаридунмирзои Темурӣ, ба эҳтимоми Аҳмади Муҷоҳид, интишороти Донишгоҳи Теҳрон, 1379) аз ҳама бештар ба ин нусха шабоҳат дорад, бавижа дар бахши  афзудаҳои корҳои Ҳофиз, ба девони ғазалиёти ӯ. «Соқинома» ва «Муғаннинома» дар ин нусха  ҳар кадоми онҳо ҷудогона ҳастанд. Даҳ қасида, ки дар ситоиши қудратмандони давраи худаш сурудааст ва дар бештари нусхаҳои муътабар омадааст, дар ин нусха вуҷуд надорад. Маснавии «Ало, эй оҳуи ваҳшӣ…» ба ҷои  29 байт дар чопи Муҳаммади Қазвинӣ ва доктор Қосими Ғанӣ дар ин нусха дорои 44 байт мебошад. Вижагиҳои дигаре низ дар ин нусха вуҷуд дорад, ки акнун мадди назар нест ва умед аст, дар  оянда ин девон ба гунае, ки ҳаст мунташир гардад ва пажуҳишгарон худ онро баррасӣ намоянд.

Дар ин баррасӣ аз чандин нусхаи хаттии беномунишони дигар истифода шудааст».

Ҳасани Анварӣ, ки дар тасҳеҳу танқеҳи матншиносии Девони Ҳофиз пажуҳиши арзишманде анҷом додааст, аз ҷумла менависад, ки аз анбӯҳи нусхаҳои хаттии Девони Ҳофиз, ки то замони мо расидааанд, ду нусхае вуҷуд надорад, ки айни ҳамдигар бошанд.  Ба аҳли илм маълум аст, ки Ҳофиз девони ғазалиёташро дар замони зиндагии худ тадвин накардааст. Ба чор далел: якум ин ки ӯ шоири миёнаҳол буд. Дувум, барои китобати Девон коғаз ва хаттот зарур буд, ки тавони пардохти ҳаққи хидмати онҳоро надошт. Севум, Шафеъии Кадканӣ мулоҳизаи дигареро пеш меронад, ки бояд Ҳофиз девонашро ба касе тақдим мекард ва барои раҳо шудан аз ин вазифа ин корро ба уҳдаи Муҳаммади Гуландом гузошт. Чаҳорум, Муҳаммад Гуландом ҳам дар ҳамон дебочаи маъруфаш ба Девони Ҳофиз менависад, ки дар сурати тадвин мухолифон бар зидди Ҳофиз амал менамуданд. Вақте ки Ҳофиз ғазал мегуфт, хабараш дар шаҳр мепечид ва вирди забони мардум мешуд ва дар фосилаи каме то Кашмир ва Самарқанд мерасид. Чунонки дар мавриди иштиҳори ашъораш худи Ҳофиз менависад:

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд,
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.

Китоби «Ин кимиёи ҳастӣ»-и Шафеии Кадканӣ (иборат аз 3 ҷилд) аз навтарин пажуҳишҳо дар самти ҳофизшиносӣ мебошад. Ӯ дар ин китоб ашъори Ҳофизро аз паҳлуҳои гуногун таҳқиқ кардааст, онҷо, ки дар бораи матншиносии ғазалиёти Ҳофиз сухан мегӯяд, аз ҷумла ишора мекунад, ки Ҳофиз барои ба ҳадди камол расидани шеъри худ онро чанд бор таҳрир мекард ва ба ҳамин далел нусхаҳои ғазалиёти ӯ аз ҳам тафовути зиёд дорад». Дар нусхае аз «Девони Ҳофиз» ин байт вуҷуд дорад.

Хор дар суҳбати гул давлати тезе меронд,
Гул чу барбод шуд он тезии гул охир шуд.

Ӯ ин байтро огоҳона чунин таҳрир мекунад:

Шукри эзад, ки ба иқболи кулаҳгӯшаи гул,
Нахвати боди даю шавкати хор охир шуд.

Матншинос аз ин гуна таҳрироту тасҳеҳоти шеъри Ҳофиз огоҳ бояд бошад ва дар замони таҳия ва нашри Девони Ҳофиз гунаи беҳтарро интихоб ва ба кор барад.

Бояд ба ин нукта таъкид намуд, ки матни дастнависи тозаи Ҳофиз дар остонаи Конфронси байналмилалии «700 сол бо Ҳофиз», ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО моҳи июни соли равон баргузор гашт, бо хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.

Дар маҷмуъ, нусхаи «Девон»-и Ҳофиз бар мабнои дастнавиштае аз Варазрӯд дар ҳофизшиносӣ саҳифаи тоза мебошад.

Умриддин ЮСУФӢ,
мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои филологӣ

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Директори Театри опера ва балети Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ ҳамкории эҷодӣ ва таълимӣ пешниҳод намуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Оё муассисаҳои маорифи шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистон омодаанд?
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд
Дар Бӯстон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад
Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид