Дар Боку Форуми байналмилалӣ доир ба рушди омор оғоз гардид

Сентябрь 24, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти унвони «Афзалияти рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ» форуми байналмилалӣ оғоз гардид, ки то 26 сентябр идома меёбад.

Тавре аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар форум намояндагони Тоҷикистон доир ба мавзуъҳои оморӣ ва дастовардҳои он сухан мегӯянд.

Форуми байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамасола дар яке аз давлатҳои аъзои Иттиҳод баргузор мегардад. Дар он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони мақомоти омори давлатҳо масъалаҳои муҳими оморӣ баррасӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин дар ҳошияи форум ҷаласаи 73-юми Шурои роҳбарони мақомоти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Дар назар аст, ки байни Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ва Кумитаи омори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд