Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар конфронс меҳмонон аз хориҷи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Эрон, Олмон, Афғонистон ва Покистон иштирок доранд. Пеш аз оғози конференсия иштирокдорон намоиши нусхаҳои хаттии девони Ҳофизро тамошо намуданд.
Бояд гуфт, ки Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки 11 июни соли равон дар қароргоҳи ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷумани «Рӯдакӣ» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






