Дар Душанбе Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ навсозӣ карда мешавад

Сентябрь 11, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати австриягии «AME International GmbH» (AME), воқеъ дар Вена Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндагони ширкати австриягии «AME International GmbH» (AME) ба имзо расид.

Ҷонибҳо доир ба расонидани хизмати тиббӣ ба беморони онкологӣ, саломатии модару кӯдак ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин созишнома ширкати “AME International GmbH” нақша дорад, ки лоиҳаи мукаммал — навсозии Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологиро дар шаҳри Душанбе тартиб диҳад. Таъсиси муассисаи саратоншиносии сатҳи байналмилалӣ, ки табобати бемориҳои саратонии калонсолону кӯдаконро фаро мегирад, дар пешгирии ин беморӣ нақши муассир хоҳад гузашт.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад