Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бинои хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 28, 2025 11:30

ШАҲРИНАВ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав бинои наву замонавии хобгоҳ барои  духтарони ятим мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Бинои хобгоҳ барои духтарони ятими мактаб-интернат дар доираи корҳои созандагию бунёдӣ ба истиқболи  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории   Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» бунёд гардид.

Хобгоҳ аз ду ошёна,  утоқҳои барҳаво ва катҳои замонавӣ иборат буда, дар он тамоми шароит барои бошандагон  муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, хобгоҳ дар фасли зимистон тавассути буғхона бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ятимону бепарасторон ғамхорӣ зоҳир ва барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо беҳтарин шароит муҳайё менамоянд. Ҳамзамон онҳоро барои омӯхтани касбҳои гуногун ва оғоз намудани зиндагии мустақил роҳнамоӣ менамоянд. Туҳфа гардидани бинои хобгоҳи замонавӣ ба ятимони ин даргоҳ нишонаи сиёсати муваффақи Сарвари давлат дар ин самт мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 28, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд