Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Эр Граф» дар остонаи ҷашни 34–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ»-ро аз чоп баровард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Муаллифи «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» муовини якуми директори Осорхонаи миллӣ Алишер Зарифӣ буда, он нахустин фарҳанги нисбатан мукаммал бо забони тоҷикӣ мебошад. Дар он калимаю ибораҳои соҳаи осорхонашиносӣ, ки зарурати шарҳу тафсири онҳо дар Тоҷикистон бештар эҳсос карда мешавад, тафсир ёфтаанд.
Фарҳанг барои доираи васеи фарҳангшиносон, осорхонашиносон, бостоншиносон, санъатшиносон, донишҷӯёни макотиби олӣ ва махсусан барои роҳбаладон ва ходимони илмии осорхонаҳои мамлакат пешбинӣ шуда, имконият медиҳад, ки хонанда ба мазмуни истилоҳоти осорхонавӣ ва тобишҳои маъноии онҳо хубтар сарфаҳм равад.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ таҳия ва нашри китобу феҳристномаҳои илмии соҳавӣ мебошад. Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ бо қарори Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






