Дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи Тоҷикистон сохта мешавад

Сентябрь 9, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 09.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар ноҳияи Нуробод бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ — бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад.

Пули мазкур давоми 2 соли оянда сохта шуда, ду соҳили дарёи Сурхобро ба ҳам мепайвандад. Пули мошингузар дар оянда натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили обанбори Роғун дар маҷрои рӯди Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.

Бояд гуфт, ки ташаббус ва иқдоми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – бунёди бузургтарин пули мошингузар дар водии Рашт дар амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ – баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ қадами устувор аст.

Пули мазкур дар заминаи татбиқи марҳилаи сеюми Лоиҳаи роҳи Оби гарм – Нуробод ҷавобгӯ бо талаботи байналмилалии роҳсозӣ бунёд карда мешавад. Барои асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва омӯзиши намунаи сохтмони пули мошингузар, муҳандисони ватанӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 26 августи соли равон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм — Нуробод оғоз бахшиданд. Дарозии роҳ 75 км буда, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ ба дараҷаи сеюми техникии роҳҳо дохил мешавад ва паҳноии стандартии он 12 метр аст. Роҳи мазкур пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш мебахшад.

Қаблан ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону мусофиронро дар бештари ҳолат рў ба рўи ҳаводиси нохуш менамуд. Фаслҳои баҳору зимистон дар ин ҷодаҳои кӯҳӣ ва фосилаи наздик ба нишебиҳои тулонӣ резиши сангу кӯҳпора, яхбандӣ, лағжиши замин ва дигар ҳолатҳои пурхатар шиддат меёфт. Бунёди роҳи ҷавобгў ба талаботи байналмилалӣ ба ҳалли ин мушкил мусоидат намуд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон\АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд