Дар Ню-Йорк аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд

Сентябрь 23, 2025 10:57

ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд оид ба дипломатияи об иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — 2025, инчунин омодагӣ ба Конфронси оби Душанбе 2026 ва Конфронси оби СММ — 2028 дар Душанбе ҷалб намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омодагии мамлакатро барои ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ ҷиҳати табдили мавзуи об ба пули ҳақиқӣ барои ҳамкорӣ, рушди устувор ва сулҳ иброз намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2025 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд