Дар Панҷакент корхонаи истеҳсоли сурма бунёд карда мешавад

Сентябрь 10, 2025 14:21

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи амали ҳадафҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026» дар деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент дар заминаи захираҳои азими кашфшудаи маъдан корхонаи истеҳсоли сурма бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Ҳоло Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди «Канзи диёр» ба бунёди инфрасохтори корхонаи ояндаи саноати кӯҳӣ машғул аст. Бо ин мақсад аз деҳаи Оби борик  то мавзеи Эҷам ба масофаи 14 километр роҳ кушода,  қумпӯш карда шудааст.

Сохтмони ду шаҳрак барои кормандони муҳандисӣ-техникӣ ва коргарони коргоҳи оянда, ки дорои 300 ҷой мебошад, бо истифода аз масолеҳи ҳозиразамони бинокорӣ идома дошта, дар онҳо барои будубош ҳама шароити зарурӣ  муҳайё карда  мешавад.

Барои кашидани хати барқ ва таъминот бо оби нӯшокӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Баробари ин ҳоло дар мавзеи Валанги дароз аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва шарикони рушд бозбинии захираҳои маъдани сурма, ки солҳои қаблӣ геологҳо кашф карда буданд, идома дорад.

Баъди ба истифода додани  ин коргоҳ дар он  дар навбати аввал ташкили беш аз ҳазор ҷойи нави кор барои мутахассисон ва коргарон дар назар дошта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Сентябрь 10, 2025 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон