Дар шаҳри Кӯлоб терминали мусофирбарии «Гулбоғ» ба истифода дода шуд

Сентябрь 11, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 11.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб терминали мусофирбарии «Гулбоғ» мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Терминали мусофирбарӣ дар ҳудуди деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бунёд гардида, баъди ба истифода додани иншооти нав 15 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Дар дохили терминал ба хотири таъмини шароити хуб барои мусофирон ва меҳмонон толори интизорӣ, толори модару кӯдак ва ошхона бунёд карда шудаанд. Минбаъд воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз самти ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг ва ҷамоатҳои Даҳанаву Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб меоянд, ҳамзамон воситаҳои нақлиёти ҷамъиятие, ки дар дохили шаҳр фаъолият менамоянд, метавонанд ба таври васеъ аз ин терминал истифода баранд.

Инчунин дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Саидалӣ Вализодаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуло Рӯдакӣ майдончаи замонавии варзишӣ ва дар маҳаллаи «Якуми май» фурӯшгоҳи масолеҳи сохтмонию ороиши хона ба истифода дода шуданд.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагию бунёдӣ идома доранд. Тибқи нақша, дар шаҳри Кӯлоб 492 иншоот бунёд, навсозӣ ва таъмир карда мешаванд. Аз ин шумора 450 иншоот аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 11, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд