Дар шаҳри Ваҳдат шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат бинои нави шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Масъулин бо ҳуҷраҳои корӣ ва дигар шароити хизматӣ шинос гардида, аз сатҳу сифати корҳои анҷомдода изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба кормандони  шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Ваҳдат оид ба таъмини назму тартибот, пешгирии вазъи қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва гирифтани пеши роҳи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳр супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд гуфт, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ на танҳо дар таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо, балки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ низ нақши муҳим ва муассир доранд. Онҳо бо фаъолияти шабонарӯзӣ дар таъмини ҳаракати бехатар, назорати риояи қоидаҳои роҳ, пешгирии садамаҳо ва бартарафсозии ҳолатҳои нохуш дар роҳҳо саҳми назаррас мегузоранд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сентябрь 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд