Дар Шаҳринав мактабу толори варзишӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд
ШАҲРИНАВ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав бинои нави муассисаи таълимӣ барои 200 хонанда дар ду баст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои омӯзгорон, «бо зиёд шудани шумораи хонандагон ва зиёд гардидани аҳолии маҳал ҷойи нишаст дар синфхонаҳои мактаб нокифоя буд. Хушбахтона, имрӯз мактаби мо соҳиби бинои замонавии таълимӣ шуда, мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст пурра бартараф гардид».
Бинои нави таълимӣ аз 6 синфхона ва ҳуҷраи кори омӯзгорон иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва аҳли деҳаю соҳибкорон бунёд гардид.
Ҳамчунин бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ 7 синфхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 баъди аз таъмири пурра баровардан мавриди истифода қарор дода шуд. 3,7 км роҳи дохилии кӯчаҳои деҳаи Чузии Ҷамоати деҳоти Чуст ва 1,2 км роҳи дохилии кӯчаҳои деҳаи Ҳакимӣ ва 1,2 км роҳи дохилии кӯчаҳои деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо саҳми сокинону соҳибкорон мумфарш гардид. Ҳамзамон дар маркази ноҳия бинои маркази хизматрасонӣ, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, ба истифода дода шуд. Дар таҳхонаи бино толори варзишии зебою замонавӣ барои тамрини гӯштини миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар як вақт метавонад зиёда аз 50 наврасро қабул кунад.
Зимни ифтитоҳи иншоот барои чунин иқдоми нек фаъолон ва соҳибкорон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






