Дар Суди конститутсионӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 7, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 07.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.   Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар миллат аст. Ин матлабро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода зимни маҷлиси тантанавӣ баён намуд.

Абдулҳафиз Ашурзода иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки таърихи 34-сола дорад, ба он мусоидат намуд, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ комёбиҳои беназир ба даст оварда шаванд.

Яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ- ин эъмори давлатдории миллӣ мебошад, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон падидаи нодир буда, дастоварди беназир мебошад.

Таъкид шуд, ки бунёди роҳҳои оҳан ва мошингард, ба монанди роҳи мошингарди Бадахшон, нақби «Истиқлол», роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда- 2» ва дигар иншооти бузург падидаҳои даврони истиқлолият маҳсуб мешаванд.

Қабул  гардидани якчанд қонунҳои миллӣ иқдоми бузург барои ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа буда, пеш аз ҳама, ба барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидаанд.

Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи се ҳадафи стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар ҷумҳурӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.

Имрӯз Истиқлоли давлатӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои асосии давлати Тоҷикистон, ки ҳамчун пойдевори адолати иҷтимоӣ дар майдони сиёсат побарҷо истодааст, нақш ва манзалати худро дар марҳилаи нави рушд бозтобӣ менамояд.

АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд