Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид

Сентябрь 4, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият барои ҳар давлату миллат, алалхусус мо, тоҷикон беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ ва нангу номуси ватандӯстӣ, инчунин ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги бою оламшумули аҷдодонамон ба ҳисоб меравад. Истиқлолият шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт — сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг мо ба комёбиву муваффақияти назаррас ноил гардем. Ин матлабро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 3 сентябр зимни баргузории ҳамоиши идона ба муносибати 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Дар ҷамъомад 41 нафар хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ барои нишон додани масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳо, ошкору пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва саҳми намоён гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мукофотҳои давлатӣ, зиёда аз 600 нафар бо мукофотҳои соҳавӣ, 21 нафар бо рутбаҳои махсуси навбатии полковникӣ, инчунин зиёда аз 40 нафар бо рутбаҳои махсуси навбатии як зина боло аз вазифаи ишғолнамудаи бастӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид ки ин неъмати бебаҳо имкон дод, ки мо бо дастовардҳои таърихӣ, маданияту фарҳанги оламшумул ва эъҷози сулҳофарию тамаддунпарварӣ ба ҷаҳониён исбот намоем, ки Тоҷикистон мамлакати куҳанбунёд буда, давоми таърихи ҳазорсола бо осору эҷоди гаронбаҳои фарзандони донишманди худ машҳур гардидааст.

Дар ҳамоиш аз талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва минбаъд устувору пойдор нигоҳ доштани дастовардҳои он ёдоварӣ карда шуд.

Иброз гардид, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворона ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ҳадафу мақсади ҳазорсолаи худ, ки аз бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва давлати аз нигоҳи сиёсӣ орому осуда иборат буд, расиданд.

Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки фаъолияти муназзами тамоми бахшҳо, аз ҷумла соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сохторҳои низомиву қудратӣ таъмин гардад ва вобаста ба тақозои замону фазои орому осудаи давлати соҳибистиқлол дар сохторҳои он воҳидҳои нав ташкил карда шаванд.

Омили фароҳам намудани шароити мусоиди кору хизмат барои ҳайати шахсии ин мақомоти бонуфузи давлатӣ сабаб гардид, ки натиҷаҳои фаъолияти хизматии кормандони ин ниҳод бамаротиб беҳтар шуда, оромиву суботи ҷамъиятӣ таъмин карда шавад. Ҳамаи ин боис гардид, ки ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ бо нишон додани салоҳияти баланд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ боварии роҳбарияти олии мамлакатро сазовор гардад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд