Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 22.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпуси дипломатии муқими шаҳри Женева, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот ва ҳамватанони муқими Швейтсария иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳаммияти истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои назарраси мамлакат дар даврони Истиқлолият ҷалб намуда, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуд.
Ҳамзамон дурнамо ва ҳамкории судманди фарогир байни Тоҷикистону созмонҳои байналмилалӣ ва Конфедератсияи Швейтсария иброз гардид.
Ҳамчунин дар ҳамоиш китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва таомҳои миллӣ муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария























Намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии идоракунии Русия мулоқот анҷом доданд
Дар Анқара аҳамияти афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармоя байни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 88-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Таҳкими шарикӣ байни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва минтақаи Қасими Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Австрия нақшаи ҳамкориро барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор доданд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо мулоқот намуд
Дар Вена ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Австрия баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири навтаъйини Италия дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо амири минтақаи Қаcими Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






