DITE-2025. Зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе дидан намуданд

Сентябрь 20, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми се рӯз зиёда аз 10 ҳазору 500 нафар аз дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе, ки имрӯз дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии Душанбе ҷамъбаст гардид, дидан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед хабар дод.

Дар маросими ҷамъбастӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои иштирокдор, сохторҳои давлатӣ, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки намоишгоҳ барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти бузурги амалӣ дошт ва он ҳамасола дар доираи Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сайёҳону сармояи хориҷӣ, рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун самти ҷолиби сайёҳӣ дар минтақа мебошад.

Дар фарҷоми маросим ба як зумра иштирокдорон ва шарикон, аз ҷумла воситаҳои ахбори омма ва блогерон барои тарғибу ташвиқи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷоизаҳои «DITE Awards 2025», сипосномаҳо ва гувоҳномаҳо супорида шуданд.

Намоишгоҳро барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ҳусни бахшид.

Бояд тазаккур дод, ки дуюмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (Dushanbe International Tourism Exhibition, DITE-2025) аз 18 то 20 сентябр идома ёфт. Меҳмонони намоишгоҳ имкон пайдо карданд, ки бо захираҳо ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокдор аз наздик шинос шаванд ва ҳамчунин оид ба маҳсулот ва хизматрасонии ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.

Намоишгоҳ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сайёҳии «Сомон Трэвел» ва шарикони рушд баргузор карда шуд.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 200 ширкати хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 65 ширкати хориҷӣ аз кишварҳое ба монанди Олмон, Британияи Кабир, Русия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, ИМА, Эрон, Покистон, Баҳрайн, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Яман, Сурия ва Марокко иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ бо ҷалби коршиносони ватанӣ ва байнамилалӣ дар мавзуъҳои «Чӣ тавр метавон захираҳои инсониро ба талаботи сайёҳии оянда омода кард?», «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим», «Кадом мегатрендҳои глобалӣ рушди сайёҳиро то соли 2030 муайян мекунанд ва афзалиятҳои сайёҳон чӣ гуна тағйир меёбанд: кадом омилҳо — бароҳатӣ, дастрасӣ, устуворӣ ё таҷрибаҳои беназир — муҳимтар хоҳанд буд?», «Чӣ гуна рақобатпазирӣ байни кишварҳо барои ҷалби сайёҳон ва сармояҳо то соли 2030 тағйир меёбанд: кадом тадбирҳоро мебояд кишварҳои Роҳи Абрешим андешанд?», «Сайёҳии варзишӣ: дипломатияе, ки муттаҳид менамояд» ва «Чӣ гуна сайёҳии варзишӣ метавонад ба рушди робитаҳои дипломатӣ байни кишварҳо ва халқҳо мусоидат намояд? Кадом мисолҳои чорабиниҳои калони варзишӣ дар тақвияти нуфузи байналмилалӣ ва сайёҳии кишвар самараи муассир нишон додаанд?» ҷаласаи канорӣ ва дар мавзуъҳои «Самараноктарин воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маркетплейсҳои онлайнӣ ва барномаҳои мобилӣ, инчунин тағйирёбии рафтори сайёҳон дар шароити рақамигардонӣ», «Аҳамияти муҳтаво (видео, сторителлинг, блогҳо ва турҳои виртуалӣ) барои ҷалби таваҷҷуҳ ба самтҳои сайёҳӣ, нақши майдонҳои байналмилалӣ (Booking, Airbnb, TripAdvisor) ва роҳҳои рақобат бо онҳо барои лоиҳаҳои маҳаллӣ», «Нақши сафирони сайёҳӣ дар кишварҳои Роҳи Абрешим ва тақвияти таъсиргузории онҳо» ва «Аҳамияти технологияҳои рақамӣ ва майдонҳои онлайнӣ барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармояҳо» дарси маҳорат (мастер-класс) таҳти унвони «Воситаҳои рақамӣ барои пешбурди сайёҳӣ» баргузор карда шуда, дар рафти онҳо таҷрибаи пешқадам ва роҳҳои рушди сайёҳӣ муҳокима гардиданд.


Ҳамзамон байни намояндагони ширкатҳои сайёҳию хизматрасонии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокдор вохӯриҳо дар шакли B2B анҷом дода шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба нафъи рушди муносибатҳои давлатҳо дар самти ҷалби сайёҳон ҳамкориро ба роҳ монанд.


Дар доираи баргузории намоишгоҳ ҳамчунин Фестивали таомҳои миллӣ доир шуда, зимни он таомҳои миллии анъанавии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, фатирмаска ва ширчой муаррифӣ гардиданд.


Ёдовар мешавем, ки нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе (DITE) бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуда, дар он ширкатҳои ватанию хориҷӣ имконият ва хизматрасонии худро муаррифӣ карда буданд.

 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 20, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Ҷазираи Киш дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе ҷаласаи панелӣ ва дарси маҳорат доир гардиданд
Муслим Сафоӣ аз Эрон: «Соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дорад»
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қазони Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои пешқадами Ҷопон робитаи мустақими академӣ ба роҳ мемонад
«ГАНҶИНАИ МЕРОС». Дар Душанбе Фестивал — намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе беш аз 200 ширкати хизматрасони соҳа иштирок дорад
Вазири сайёҳии Монтенегро бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе баргузор мегардад
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе имконияти нави сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мешавад