Душанбе мизбони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мешавад

Сентябрь 16, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 16.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ таҳти унвони «Тағйир додани иқтисодиёт тавассути сармоягузориҳои стратегӣ дар соҳаи сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гузаронида мешавад.

Дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд,  ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.

Дар форум масъалаҳои ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мебошад. Баргузории Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ ба мустаҳкам гардидани мавқеи мамлакат дар байни давлатҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва татбиқи самараноки марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба ҷалби сармоя равона гардидааст, мусоидат менамояд.

Узвияти мамлакати мо дар Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки яке аз 12 оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳалли масоили рӯзмарраи соҳа барои ташаккул ва минбаъд  мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун мамлакати сайёҳӣ манфиати зиёд мерасонад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 16, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид