Эмомалӣ Раҳмон: «Имрӯз хизмат дар сафи Гвардияи миллӣ боиси ифтихори ҳар ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад»
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло Гвардияи миллӣ, ки мо онро ҳамчун рамзи давлатдории навини миллӣ ва бо назардошти нишонаҳои таърихи гузаштаи миллати тоҷик таъсис додем, ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст. Ин яке аз омилҳои муҳими ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзии ҷумҳурӣ ва амнияти давлату ҷомеа мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз хизмат дар сафҳои он боиси ифтихори ҳар ҷавони ватандӯсту ватанпарвар мебошад. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони гвардия то имрӯз вазифаҳои касбии худро ҳамчун кафили суботу оромии ҷомеа сарбаландона иҷро менамоянд. Фаъолияти сисолаи Гвардияи миллӣ собит месозад, ки ин сохтори ҳарбӣ ҳоло ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ба давлату миллат содиқу вафодор мубаддал гардидааст.
«Хотиррасон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии гвардия дар солҳои бисёр ҳассосу тақдирсози ҳаёти халқамон паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат барои барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, таъмин намудани сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштанд»,- таъкид намуданд Президенти мамлакат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






