ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — НАХУСТИН ҲИМОЯТГАРИ РАСМИЮ ДАВЛАТИИ «ШОҲНОМА». Андешаҳои шоҳномашинос Яъқуби Ясно дар ин маврид

Сентябрь 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонаводаи тоҷик китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ тақдим мегардад. Ин иқдоми навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи  ташаббусҳои дурбинонаю ватандӯстонае мебошад, ки на танҳо ба баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастии мардум, балки боло бурдани сатҳи маънавӣ ва ҷаҳонбинию дунёшиносии сокинон нигаронида шудааст.

Шоҳномашинос, доктори илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон Яъқуби Ясно дар мақолааш зери сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон- нахустин ҳимоятгари расмию давлатии «Шоҳнома»» чунин ибрози назар намудааст:

— Дарк ва дониста шавад, ки мабно ва хостгоҳи ҳувияти забониву фарҳангии тоҷику эронӣ давлати Сомониён буда, ин фарҳанги бузург маҳз дар Варорӯд бо дасту заковати тоҷикон офарида шуд. Тавре ки Сомониён, тоҷикони Хуросони бузург ҳазор соли пеш забону фарҳанги тоҷикии ориёиро эҳёву ривоятҳои милливу ҳамосӣ эҷод карданд, ҳазор соли баъд бахт камтар ба рӯяшон хандид ва ба низоми давомдори давлатдорӣ кам мушарраф шуданд.

Ҳақиқат ин аст, ки аз вақте давлати Сомониён суқут кард, то истиқлоли давлати муосиру миллии тоҷикон дар соли 1991 давлатҳои сохтаи тоҷикон пароканда, кӯтоҳумр ва гумном мешуданд. Яъне, давлатдории миллӣ мисли замони Сомониён асл пайдо накарду барои шаклгирии давлати миллии муосири тоҷикон беш аз ҳазор сол муҳлат даркор шуд. Ин фосила сабаб шуд, ки ба ривояти миллӣ, ҳамосиву фарҳангии тоҷикӣ чандон таваҷҷуҳ нашавад. Пас аз расидани Тоҷикистон ба истиқлолу шаклгирии давлати миллии тоҷикон, дар ҳақиқат, арзишҳои миллию фарҳангӣ ва забони замони Сомониён аз нав эҳё шуд. Пайкараи бошукуҳи Исмоили Сомонӣ дили Душанберо шукуфо намуд ва ба номи Сомонӣ пул сикка зада шуд.

Хушбахтона, дар поёни асри ХХ роҳбарии давлати миллии тоҷиконро шахсияти бузурге бар уҳда гирифт. Ин марди наҷибзода тадбири фавқулода олӣ дораду фарҳангу ҳамосаи тоҷикону ориёиҳоро монанди шоҳони сомонӣ дӯст ва пос медорад.

Ин шахсияти миллӣ Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Тавре Сомониён ҳувияти фарҳангӣ, забонӣ, миллию ҳамосии ориёиро пос дошта, шукуҳ бахшиданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ пас аз ҳазор сол ному осори онҳоро эҳё намуданд. Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз ҳаводиси пешгӯинашаванда аст, ба вуҷуд овардани чунин мамлакати аз назари сиёсӣ пухта ва нигаҳдориву рушд додани он давоми 34 сол ба зиракию кордонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт бастагӣ дорад.

Масалан, маҳз дар замони Сомониён ҳамчун Фирдавсӣ шахсиятҳои жарфандеш пайи эҷоди ҳамосаҳои баланд шуданд. Чунончи аз таърих медонем, «Шоҳнома» суруда мешуд ва вақте ба сомон расид, орзуи деринаи Фирдавсӣ, ки расондан ба дасти шоҳони сомонӣ буд, амалӣ нашуд. Ҳакими бузурги ориёиҳо Фирдавсӣ бо руҳи шикаста ва дили чок осорашро ба Маҳмуди Ғазнавӣ бурд, аммо қадршиносии сазовор надид. Ба ин маънӣ, иншогари «Шоҳнома» ҳазор сол боз ормонӣ мехуфт.

Боиси ифтихор аст, ки баъди чунин муддати тӯлонии таърих Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи ҳимоят аз ин ҳамосаи беназирро ба унвони тақвияти ҳувияти миллӣ рӯйи даст гирифтанд. Агар ин шоҳасар тавассути абармардони Сомониён офарида шуда бошад, ба камоли орзуи Фирдавсӣ расидан маҳз ба соли 2025-и мелодӣ рост омад.

Бояд гуфт, ки чопи «Шоҳнома» танҳо таблиғи густардаи фарҳангу оини пешиниён ва китобпарварии ин миллат нест, балки ин нахустин ҳимояти расмию давлатии «Шоҳнома» аст!

Дар ҳеҷ мамлакате, дар ҳеҷ ҷойи дунё чопу нашри як асари милливу ормонӣ то ба ин ҳад ҳамагонӣ набудааст, ки дар Тоҷикистон аст.

Ормони Фирдавсӣ низ бинобар ранҷи сисолаи барои фарҳангу ҳувияти миллӣ кашидааш ин буда, ки китобаш ҳимояти расмӣ, давлатию миллӣ бубинад ва ба таври густарда тарғиб шавад. Хушбахтона, ин ҳимоят тавассути Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Табъан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намудаанд, ки бе донистану фаҳмиши Фирдавсӣ ва мағзи осори ӯ Истиқлоли миллии тоҷикон ва тоҷикистониён наметавонад комил бошад.

Истиқлол фақат як вожа нест, балки мафҳуми чандпаҳлуӣ ва дорои ҷанбаҳои мутафовит аст, ки ба сулҳ, амният ва фарҳанг дохил мешавад. Агар диққат кунем, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз барои ҳифзи Истиқлоли Тоҷикистон ба сулҳу амният ва фарҳанг таваҷҷуҳ кардаанд. Пас аз истиқлол нахустин шуда, сулҳу ваҳдати миллиро байни тоҷикон барқарор намуданд ва мамлакатро аз буҳрону ҷанги дохилӣ наҷот доданд. Сипас, ба хотири густариши амният дар саросари ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ фармуданд. Ба ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёкониву ориёӣ дар сатҳи милливу байналмилалӣ эътибор дода, онҳоро ривоҷ бахшиданд.

Тозатарин иқдоми фарҳангӣ барои ҳувияти тоҷикон чоп ва тақсими ройгони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар сатҳи миллӣ мебошад. Ин ибтикори тоза ва нотакрор барои мо, форсизабонони Афғонистон, Эрон ва дигар мамлакатҳо боиси ифтихори беинтиҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни қадимии тоҷикон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва дин баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
«АТОИ САҲНА». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии ИДМ оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок дорад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Озмуни ҷумҳуриявӣ дар Суғд бо иштироки зиёда аз 1400 довталаб оғоз ёфт
Доир ба масоили равобити геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ дар доираи лоиҳаи CASA-1000 конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Маркази илмии Хуҷанд ду озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид
ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд