«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони тоҷик ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 05.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 20 осори санъати тасвирӣ ва амалӣ дар намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон — «Файзи Истиқлол», ки ба ифтихори 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар намоиши «Файзи Истиқлол» аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ 26 осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ба монанди мусаввараҳо, ҳунари хотамкорӣ, кандакорӣ, намунаи либосҳои миллии замонавӣ ва кундал пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд. Ҳамаи ин маҳсули дасти ҳунармандони ҷавони давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Офаридаҳои мусаввирони ҷавони тоҷик — «Варзоб», «Дарёи Бадахшон», «Духтарак ва натюрморт», «Шаҳри ман», «Шоми Душанбе», ҳамчунин офаридаҳои иштирокчиён ва ғолибони озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»: «Шоми Душанбе», «Тоҷикистон», «Нақши миллӣ» ва ғайра, ки ба маърази тамошо гузошта шудаанд, шукуҳи фарҳанги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамоянд.
Зимни ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки истиқлолият неъмати бебаҳо, волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик буда, шароити мусоид фароҳам овард, то рассомон бо истифода аз усулҳою ҷараёнҳои постмодернистӣ ва авангардӣ воситаҳои навро истифода намоянд. Муҳити озоду фазои даврони истиқлол имконият фароҳам овард, то рассомон бо сабку услуби хос муаррифи таъриху фарҳанг ва анъанаҳои тоҷикон бошанд.
Бояд гуфт, ки шинос намудани тамошобинон бо осори рассомон ва ҳунармандони ҷавони Тоҷикистон ва муаррифии шоистаи онҳо ба қишрҳои гуногуни ҷомеа аз ҳадафҳои асосии намоиши ҷашнии асарҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон «Файзи Истиқлол» арзёбӣ мегардад.
Намоиши асарҳои рассомони ҷавони Тоҷикистон «Файзи Истиқлол» то 15 сентябр идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






