Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Москва муаррифӣ гардид

Сентябрь 1, 2025 09:24

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 август бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо департаменти ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ ва лоиҳаҳои махсуси Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия дар мавзуи «Имконияти сармоягузорӣ дар бахши сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар доданд.

Дар бинои сафорат ҳунарҳои мардумӣ, видеороликҳои ҷолиб дар бораи имконияти сайёҳӣ, намоиши китобҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва маводи таблиғотии сайёҳӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту захираҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.

Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид намуд, ки иқтидори сайёҳии Тоҷикистон ҷалбкунанда ва беназир аст, зеро мамлакат таърихан яке аз марказҳои тамаддуни Шоҳроҳи Бузурги Абрешим буда, мероси бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ, гуногунии манзараҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонотро доро мебошад.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ оид ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон, ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳӣ, таҷрибаи пешкаш намудани маҷмуи хизматрасониҳо ба ширкатҳои сайёҳии Русия рӯнамоҳо манзур намуда, барои ташкили хатсайрҳои сайёҳии мутақобил изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Баъдан вохӯрии дуҷонибаи ширкатҳои сайёҳии ҳарду давлат дар шакли «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор гардида, дар фарҷоми чорабинӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Русия 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар маҷмуъ, меҳмонон имкони хуби шиносоӣ бо осори таърихию фарҳангӣ ва ҳамзамон рушди муосири соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла зарфияти сайёҳиро азхуд карданд.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Комиссияи ҷуғрофӣ ва сайёҳии фароғатии шаҳри Москва, роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии кишвари иқомат иштирок намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки сафорат бо мақсади ташвиқу таблиғи имконияти сайёҳӣ, аз ҷумла оид ба сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ, аз қабили барномаи «Магия вкуса»-и шабакаи «Моя планета», барномаи «Поедем, поедим»-и шабакаи НТВ-и Федератсияи Русия видеороликҳои рекламавӣ таҳия сохта, тавассути онҳо мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро тарғиб намуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сентябрь 1, 2025 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад