IRS: Муҳлати маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаши гаронвазн ба охир расид

Сентябрь 1, 2025 11:43

ДУШАНБЕ, 01.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳлати маҳдудияти мавсимӣ барои мошинҳои боркаши гаронвазн,  ки  аз якуми июни соли равон аз соати 10:00 то 19:00 муайян шуда буд, ба охир расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба маълумоти ронандагони чунин намуди мошинҳо расонида мешавад, ки онҳо минбаъд метавонанд дар фурсати барояшон муносиб ба роҳ бароянд.

Ширкат аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн барои дарки моҳияти муайян намудани маҳдудияти мавсимӣ ва ҳамгироӣ бо кормандон изҳори миннатдорӣ намуд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 1, 2025 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд