ИСТИҚЛОЛ — МАЗҲАРИ ИФТИХОР ВА САРФАРОЗИИ ТОҶИКОН. Доир ба он дар Маркази миллии патенту иттилоот ҳамоиши идона баргузор гардид

Сентябрь 6, 2025 20:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса иттилоъ доданд.

Директори муассиса Мирзо Исмоилзода баён намуд, ки «сиву чор сол муқаддам, яъне 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуъ омад: Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Истиқлол мазҳари ифтихор ва сарфарозию сарбаландии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳисоб меравад, зеро соҳибистиқлолӣ ба мардуми тоҷик волотарин ва пурарзиштарин дастовардҳои миллию давлатиро эҳдо намуд».

Дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат арзишҳои волои аҷдодӣ, оину суннатҳои давлатдории миллӣ эҳё шуда, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва таҳқиқу омӯзиши он вусъати тоза пайдо намуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  пешрафти назарраси иқтисодию фарҳангӣ ноил гардида, рӯ ба фардои ободу дурахшон овардааст.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандони муассиса аз ҷониби муассиса ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо Сипоснома, Ифтихорнома ва нишонҳо  қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2025 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд