ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигоҳе ба заминаи асосии рушд ва пешрафти соҳаи роҳу нақлиёт дар ин давра

Сентябрь 8, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлол ҳаммаънои озодию ягонагӣ, худшиносию худсолорӣ ва ба даст гирифтани сарнавишти хеш мебошад. Он барои ҳар фарди тоҷик асоси давлатсозӣ, кору пайкори созанда, азму талоши фидокорона барои  расидан ба ваҳдату осоиштагӣ аст. Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи неъматҳои азиму муқаддастарини халқи тоҷик аст, ки барои тамоми дастовардҳои давлат замина мегузорад.

— Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 34 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири мамлакат ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешаванд. Аз ҷумла, барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ.

Маҳз бо ташаббуси созанда ва меҳрофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол сатҳи зиндагии мардуми тоҷик батадриҷ беҳ гашт ва бунёди иншооти хурду бузург, роҳҳову нақбҳо, ободии шаҳру деҳот авҷ гирифта, самараи дилхоҳ дод. Зинда сохтани чеҳраҳои бузургони халқи тоҷик, бунёди биноҳои маъмурию фарҳангӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии замонавӣ, бунёди мақбараҳо, боғу меҳмонхонаҳо, таъмиру бунёди роҳҳову пулҳо ва сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани онҳо далели ин ҳақиқат аст.

Дар партави Истиқлоли давлатӣ, инчунин ташаккули низоми иқтисодии мамлакат ва раҳоии давлат аз буҳрони шадиди иқтисодӣ муяссар гардид, ки Тоҷикистон аз ҳолати буҳрони амиқ баромада, ба марҳилаи рушди ҳама соҳаҳо қадамҳои устувор гузорад.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ташкили инфрасохтори муосири нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин амалӣ намудани низоми рақамӣ дар бахшҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва нақлиёти барқӣ дорои аҳамияти ҳалкунанда буда, ҳамчун омили муҳимми рушди устувори соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ хизмат менамояд.

Давоми 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллар амалӣ гардида, 3187 км роҳ, 254 пул, 2  чорроҳаи сесатҳа ва 2 адад дусатҳа, 9 нақби мошингузар, 3,6 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 220 км роҳи оҳан бо 5 пул ва 3  нақб бунёду таҷдид ва 761 техникаю таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар ин давра 220 км роҳи оҳани нав, 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан таҷдиду аз нав сохта шуда, 937 вагони нави боркашу мусофирбар харида шуд, ки дар самти боркашонию мусофирбарии байналмилалию дохилӣ фаъолият доранд.

Дар самти авиатсияи гражданӣ терминали мусофирбарӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (бо иқтидори 500 нафар дар 1 соат) сохта шуда, фаъолият менамояд. Ҳамзамон фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар таҷдиду навсозӣ гардида, фаъолияти самти хизматрасонии авиатсияи гражданиро таъмин менамоянд.

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаҳои болотарро ишғол намуд, ки ин самара рушди соҳаи нақлиёти мамлакатро таҷассум намуд. Иттилои самараи хуши мазкур 28 декабри соли 2024 дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин суханрониҳо иброз гардид: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифта аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».

Дар баробари ин, мутобиқи маълумоти нашркардаи Бонки ҷаҳонӣ, ки арзёбии LPI-ро мегузаронад, ки соли 2023 муқоисаи 139 мамлакатро фаро гирифтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилали ҷойи 97-умро соҳиб гашт, ки нисбат ба арзёбии қаблии соли 2018 гузаронидашуда 37 сатр поёнтар аст. Ин нишондиҳандаи беҳтар гаштани низоми логистикӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Сабаби беҳтар гаштани мавқеи мамлакатамон дар ин арзёбӣ, натиҷаи навсозӣ ва сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, беҳтар гаштани низоми гумрукӣ ва дигар шинондиҳандаҳои интиқол мебошад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали ҳадафи стратегии рушди мамлакат, яъне раҳоӣ додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар мамлакат бунёд гардидани шабакаҳои воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишварҳои ҳаммарз, нишондиҳандаҳои асосии хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан тағйир ёфта, тамоюли пайвастаи рушд касб намуданд.

Дар панҷ соли охир (2020–2024) ҳаҷми боркашонии системаи ҳамлу нақли автомобилӣ тамоюли рушд гирифт, ки он дар диаграммаи зерин инъикос ёфтааст:

Диаграммаи №1.


Тибқи диаграммаи №1, соли 2024 нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ, ки дар системаи ҳамлу нақли автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст, дар умум 127 миллиону 725 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023  11,9 фоиз ва ҳамзамон нисбат ба соли 2020   73,6 фоиз афзудааст.

Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2025 бо ҳамаи намуди нақлиёт 66 миллиону 687,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 9,3 фоиз зиёд аст.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии истифодаи умум ва ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 63058,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 94,6 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.

Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки дар моҳҳои январ – июни соли 2025 дар вилояти Суғд 21 232,4 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 33,7 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Мутаносибан дар вилояти Хатлон – 23 096 ҳазор тонна (36,6 фоиз), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 586,3 ҳазор тонна (0,9 фоиз), шаҳри Душанбе – 8539,2 ҳазор тонна (13,6 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 9604,4 ҳазор тонна (15,2 фоиз) бор кашонида шудааст (Диаграммаи №2).

Диаграммаи №2.


Дар нимсолаи аввали соли 2025 бо нақлиёти роҳи оҳан бо назардошти содирот, воридот ва интиқоли молҳои транзитӣ 3628,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ин давраи соли 2024 12,4 фоиз афзудааст. Дар баробари ин, дар нимсолаи аввали соли 2025 бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ ҳамагӣ 511094,1 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ин давраи соли 2024    5,8 фоиз афзудааст.

Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ ва шумораи мусофирбарӣ нисбат ба солҳои гузашта ва бо ин васила зиёд гардидани ҳиссаи соҳаи роҳу нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат низ аз ҷумлаи дастовардҳои соҳаи роҳу нақлиёт дар замони Истиқлоли давлатӣ мебошанд.

Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушд қарор дошта, яке аз ҳадафҳои муҳимми худро рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муайян намудааст. Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рақамикунонии соҳаи нақлиёти давлат қадамҳои устувор мегузорад. Дар шаҳрҳoи Ҷумҳурии Тoҷикиcтoн низoми пардoхти электрoнӣ ба тариқи ғайринақдӣ дар хизматраcoнии нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди амал қарoр дoрад. Ин раванд дар дoираи татбиқи иқтиcoдиёти рақамӣ амалӣ шуда, рoҳҳoи нави хизматраcoнирo таъмин мекунад.

Бояд гуфт, ки 29 октябри соли 2024 дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» мавриди истифода қарор дода шуданд. Сохторҳои нави ҳамқадами замон низоми фаъолият ва раванди хизматрасониҳоро дар соҳаи роҳу нақлиёт ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ гардонида, омили рушди бонизом мебошанд, ки пайваста бо дастовардҳои намоён ба қайд гирифта мешаванд.

Зеҳни сунъӣ (AI) яке аз падидаҳои муҳимми асри 21 ба шумор меравад, ки дар тамоми соҳаҳои иҷтимию иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии муносибатҳо истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои рушди устувори мамлакат муҳим арзёбӣ мегардад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040” –ро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 тасдиқ карда шудааст, ба тасвиб расонида, мавриди истифода қарор дод. Стратегия ба рушди технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ, истифодаи алгоритмҳо дар қабули қарорҳо ва идоракунии давлатӣ афзалият медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, чунин стратегияро мавриди амал қарор дод. “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040” ба даст овардани 5% Маҷмуи маҳсулоти дохилиро аз ҳисоби зеҳни сунъӣ пас аз 15 сол пешбинӣ намудааст.

Ҳамзамон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) Қатъномаи таърихӣ бо номи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» –ро қабул намуд. Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79 –уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2024 пешниҳод шудааст.

Ғайр аз ин, Ҳукумати мамлакат барои таъмини фазои мусоид дар пешбурди сиёсати иқтисоди рақамӣ – Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025”, Консепсияи ҳукумати электронӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида, мавриди истифода қарор додааст.

Бо ба охир расидани марҳилаи дуюми татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва бо назардошти зарурати таъмини иҷрои марҳалаи сеюми он (солҳои 2026–2030) дар айни замон Вазорати нақлиёт дар таҳия ва баррасии “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” корҳоро пеш мебарад. Барномаи мазкур ҳамчун як ҳуҷҷати миёнамуҳлати стратегӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти махсус дорад.

Таҳияи “Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” имкон медиҳад, ки иқдом ва таҷрибаи андӯхта дар марҳалаи қаблӣ (“Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”) ҷамъбаст шуда, равандҳои ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ аз нигоҳи стратегӣ идома дода шаванд.

Ҳамин тариқ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзишу муқаддаси олии миллӣ ва рукни асосии давлатдории муосир заминаи воқеӣ ва устувори ташаккул, рушд ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат гардид. Давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шуда, дар самтҳои муҳимми ҳаётӣ дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, барқарорсозии сулҳу суботи комил, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди инфрасохтор, бахусус шабакаҳои нақлиётӣ, такмили низоми иқтисоди бозаргонӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва пешбурди ислоҳоти технологию инноватсионӣ аз ҷумлаи муҳимтарин бурдҳои ин давра ба шумор мераванд.

Фарзона ХУДОЙДОДОВА,
сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва дурнамои иқтисодии 
Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз муаллиф

Сентябрь 8, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 22 октябр дар Тоҷикистон «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» ба фаъолият оғоз менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик варзишгоҳи марказиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон 11 мактаб ва 45 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
Дар Бохтар корҳои иктишофи сейсмикии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин идома доранд
Дар Душанбе намоишгоҳи «TajBUILD-2025» оғоз ёфт
Пешрафти Тоҷикистон тибқи чор самти афзалиятноки Барномаи ОИС-2025 дар Форуми бонкҳои марказии СҲИ арзёбӣ гардид
Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025» баргузор шуд
Нақшаи генералии шаҳри Хоруғ қабул гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад