ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият неъмати бузургест, ки барои ба даст овардани  он то кунун бархе аз миллатҳои дунё талошу  ҷонбозиҳо доранд. Соҳибистиқлолӣ- ин бахту саодат ва озодӣ ба миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ бо убури монеаҳои таърихӣ насиб гардид. Ҳифзу устувор нигоҳ доштани ин арзиш ва дар заминаи он ноил шудан ба дастоварду музаффарияти беназир нахуст аз садоқати Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлат оғоз меёбад. АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон андешаи роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатро пешниҳод менамояд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода:

—  Истиқлолият барои мо иззату шарафи инсонӣ, нангу номуси миллӣ ва гузашта аз ин бузургтарин дастовард ва муқаддастарин неъмат маҳсуб мешавад.

Истиқлолият барои миллати тоҷик имкони мусоид фароҳам сохт, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намояд.

Истиқлолияти давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, марҳилаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон дониста мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода:

— Ҳамаи дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ваҳдату амнияти миллӣ ва ободу зебо гардидани мамлакат маҳз бо азму иродаи қавӣ ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Давлати мо дар самти рушди устувор ва таъмини зиндагии арзандаи мардуми Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Ин аст, ки созмону  ташкилоти байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.

 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода:

— Истиқлолият беҳтарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Он шарафу номуси ҳар давлати озод буда, арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ дар он таҷассум меёбад.

Истиқлолият барои миллати тоҷик неъмати бебаҳоест, ки бо шарофати он давлатдории навин эҳё гардида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ба марҳалаи нави рушду камол ворид гардид.

Бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ ислоҳоти амиқ ва барномаҳои стратегӣ амалӣ гардида, шароити ташхису табобат ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ пайваста беҳтар мегардад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода:

— Истиқлолияти давлатӣ на танҳо рамзи соҳибихтиёрии миллати тоҷик маҳсуб мешавад, балки барои мардуми сарбаланди мо имконияти таърихии беназире фароҳам овард, ки дар натиҷа дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи маориф ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ ва василаи муҳимтарини рушди инсонӣ ва ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, рушд намуд.

Бо ҳидоят ва сиёсати оқилона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар 34 соли Истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз мушкилоти гуногун соҳаи маориф пайваста рушд намуда, ҳама зинаҳои таҳсилот- аз томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ таҳким ёфтанд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода:

— Кишоварзони мамлакат тавонистанд дар даврони соҳиистиқлолии ҷумҳурӣ ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои мамлакат, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан барои мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистон нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагии абадият армуғон овард.

Он ҳамчунин шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдории бузурги миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоию фарҳангии худро ривоҷу равнақ медиҳад.

 Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд