Кормандони «Саноатсодиротбонк» бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 3, 2025 12:07

ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, маросими супоридани мукофоти давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳайати кории дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон зимни супоридани медали «Хизмати шоиста» иброз намуд, ки роҳбарияти давлат ҳар иқдому ташаббуси созанда ва заҳмати содиқонаи шаҳрвандонро қадр мекунад ва барои дастоварду хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дороиҳои Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 1,4 миллиард сомонӣ баробар гардиданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 425,8 миллион сомонӣ ё 45,9 фоиз бештар мебошад. Ҳамзамон уҳдадориҳои бонк дар охири нимсолаи якум ба 689,5 миллион сомонӣ расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 351,2 миллион сомонӣ ё 103,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.

АКС: Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Сентябрь 3, 2025 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид