Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Британияи Кабир мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябри соли 2025 Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи иттилооти фаврӣ байни мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишвар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории он зоҳир карда шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории мунтазам ва таҳкими муколамаи дуҷониба оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ баён доштанд.








Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»






