МАХЗАНИ ДОНИШ ДАР ҲАР ХОНАДОН. Ба 63 ҳазор оилаи ноҳияи Рӯдакӣ асари безавол — «Шоҳнома» тақдим мегардад

Сентябрь 18, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 63 ҳазор  оилаи ноҳияи Рӯдакӣ 120 ҳазор китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тақдим карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.

Дар асоси иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид.

Тақсими ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат бояд ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат дастрас карда шавад, дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз гардид.

Тақдими туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 14 ҷамоати ноҳия ба роҳ монда шуда, нахуст ба собиқадорон тақдим карда шуд.

Оилаҳое, ки китобро дастрас намуданд, зимни суҳбат бо аъзои гурӯҳи корӣ иброз доштанд, ки бузургтарин махзан — калиди дари дониш ва пандномаи беназир барои омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик вориди хонадони мо гардид.

Масъулин таъкид карданд, ки ин шоҳасар дар роҳи тарбияи фарзандон барои омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон мусоидат намуда, дар тарбияи меҳаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва дарки худогоҳиву худшиносии ҳар фарди миллат нақши босазо мегузорад. Ҳар сокини бонангу ори ноҳия ин шоҳасарро бо ифтихори баланди ватандӯстӣ бояд мутолиа намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 18, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
28 январ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Моҳи феврал лоиҳаи қонун «Дар бораи бостоншиносӣ» ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад
ТЕЛЕВИЗИОНИ РАҚАМӢ. Соли равон корҳои насби таҷҳизот ва такмили қисми техникӣ оғоз мегарданд
МАРКАЗИ ФАРҲАНГИ МУСИҚИИ ТОҶИК. Рисолати ин марказ аз чӣ иборат аст?
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
Пагоҳ дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар телевизионҳои Тоҷикистон 145 лоиҳа ва барномаи нав таҳия ва пахш гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соҳаи ҳайкалтарошӣ ва муҷассамасозӣ рушд меёбад
Дар Душанбе оид ба рушди техникаю технологияи муосири китобдорӣ машғулият баргузор гардид
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
26 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд