Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори генералии «Бунёди деҳаи фарҳангии Қатара» профессор Холид ибни Иброҳим Ал-Сулайтӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии давлатҳо арзёбӣ намуда, ин иқдомро заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 6 феврал Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар оғоз гардида, то 13 феврал идома меёбанд. Дар доираи он мулоқот, барномаҳои пуршукуҳи консертӣ, намоишгоҳҳои либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид






