Масъалаи афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояи бахши хусусӣ байни Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид

Сентябрь 19, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 19.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар ҳошияи Форуми сармоягузории сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои сайёҳӣ ва сармоягузорӣ Сардор Ясир Иляс Хон баргузор гардид, ки зимни он  ҷонибҳо масъалаи афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояи бахши хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, афзоиши гардиши мол, ҷалби сармояи бахши хусусӣ ва ворид намудани технологияҳои навро мавриди муҳокима қарор дода, зарурати истифодаи имконияти истифоданашуда дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергияи барқароршаванда, сайёҳӣ, нақлиёт ва логистикаро таъкид карданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузург, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, ки барои бозори бузурги Покистон манфиати муштарак дорад.

Сардор Ясир Иляс Хон барои мусоидат ба густариши робитаҳо байни соҳибкорони ду давлат, ташкили чорабиниҳои муштарак ва ҷалби сармояи покистонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ва имконияти мавҷуда ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун густариш ёфта, ба таҳкими равобити дӯстона ва рушди иқтисоди минтақа мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти баҳории картошка аз нимаи дуюми моҳи феврал оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад