Мавсума Муинӣ дар Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим сухан намуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Зарафо Қиёмзода дар Конфронси солонаи минтақавии Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки аз 3 то 5 сентябр дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ — раисикунандаи гурӯҳи парламентии Кумитаи доимамалкунада оид ба масъалаҳои иқлими Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) дар ҷаласаи 5-уми кори конфронс дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба татбиқи Рӯзнома – 2030» иброз намуд, ки масъалаи баррасишаванда дар рӯзномаи байналмилалӣ мавқеи марказӣ дорад. Зеро тағйирёбии иқлим аллакай ба ҳаёти миллионҳо одамон, рушди иқтисодии давлатҳо, амнияти озуқаворӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири мустақим дорад.
Мавсума Муинӣ аз дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим, ки нақши пешбарандаи мамлакати моро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд, сухан карда, қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии захираҳои об ва тағйирёбии иқлимро, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 инъикос ёфтаанд, муаррифӣ намуд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об ҷонибдорӣ намуда, дар муборизаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти иқлим саҳм мегузорад. Бахусус гуфта шуд, ки бо ташаббуси Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Фонди нави мақсадноки Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии фаъолияти ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби котиби генералӣ ҳамоҳанг карда мешавад, таъсис дода шуд.
Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид якдилона Қатънома дар бораи эълони солҳои 2025-2034-ро чун «Даҳсолаи амал дар соҳаи илмҳои криосфера» қабул намуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






