Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 15.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар корти тенниси майдончаҳои тобистонаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маросими ифтитоҳи Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 варзишгар ва беҳтарин ҳайатҳои даставии теннисбозон аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Амрико, Арабистони Саудӣ, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Федератсияи байналмилалии теннис иштирок менамоянд.
Ҳадафи баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис дар шаҳри Душанбе муттаҳид намудани варзишгарон дар риштаи теннис ва рушди теннис дар мамлакат арзёбӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон Федератсияи тенниси Тоҷикистон ва бадминтон, инчунин Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои теннис ва бадминтон фаъолият менамояд. Панҷ сол муқаддам дар шаҳри Душанбе Қасри теннис ба истифода дода шуд.
Теннис яке аз намудҳои маъмули варзиш аст, ки онро дар ҳама синну сол бозӣ мекунанд. Теннис ба рушди ҷисмонӣ ва беҳтар гардидани саломатӣ таъсири мусбат расонида, баъзеҳо онро бозӣ барои рафъи хастагӣ меҳисобанд. Теннис аз калимаи «tenez» («tenir»- аз забони фаронсавӣ — доштан, гирифтан) пайдо шудааст. Ҳангоме ки бозингарон тӯби теннисро ба рақибашон мепартофтанд, дар он лаҳза бо садои «tenez» фарёд мезаданд. Ин калимаи фаронсавӣ буда, маънояш «баробар», яъне холи бозӣ дар айни замон баробар аст, мебошад.
Баъзе таърихшиносон бар он назаранд, ки теннис дар Юнони қадим ба вуҷуд омадааст. Аммо баъзеи дигар бар он ақидаанд, ки макони пайдоиши теннис Арабистон аст. Зеро номи ракетка – чӯбе, ки бо он тӯбро партоб мекунанд, аз калимаи арабии «rakhat» пайдо шудааст. Аввалин маротиба соли 1872 теннис ҳамчун варзиши касбӣ пазируфта шуда, дар он сол аввалин клуби теннис дар ҷаҳон таъсис ёфта буд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






