МУЖДАҲОИ РУҲБАХШИ ЗИНДАГӢ ДАР ШЕЪРИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба таҷлили Рӯзи байналмилалии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ

Сентябрь 24, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон. Аз Порис то Душанбе» бо иштироки меҳмонон аз Эрон, Олмон, Афғонистон ва Покистон конференсияи байналмилалӣ доир гардид. Дар ин мавзуъ мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол Насрулло пешниҳод мегардад.

— Бояд гуфт, ки Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсаро буда, дар таърихи адабиёти тоҷику форс мақоми баланд дорад. Бо гузашти чанд аср ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст.

Ифтихорманду шукргузор аз тақдирем, ки бузургони гузаштаи мо кам нестанд. Ҳар яке беназир, ҳар яке бебаҳо, ҳар яке як сарзамини биҳиштии илму адабу ирфон аст. Ҳар яке қуллаи осмонбӯсест дар фарҳанги башар. Осори ҳар нафаре аз ин нобиғагони шеъру адаби тоҷикӣ-форсӣ Донишгоҳи олии илму сухан аст, ки бо хатми он метавон соҳиби маълумоти олӣ шуд. Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Саъдӣ, Ҳаким Умари Хайём, аллома Сино ва даҳҳои дигар.

Мақоми ҳар яке дар арши аълост
Мақоми ҳар яке боло зи болост…

Аммо Ҳофизи бузургвор, Ҳофизи лисонулғайб ҳамеша бо мост, дар дили мо, дар андешаи мо, дар сиришти мост, Ҳофиз шоири муждаҳост ва муждаи васлаш роҳи умри моро партавафшон кардаву чӣ ангезишҳое барои зистан ба мо додааст:

Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам?
Тоири қудсаму аз дори ҷаҳон бархезам…

Бар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин,
Ки ба бӯят зи лаҳад рақскунон бархезам.

Оре, ӯст, ки дар ин равоқи забарҷад ба зар навиштааст:
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.

Муждаи ӯ муждаест бо забонаи дигар аз каронаи дигар:
Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо бозомад,

Ҳудҳуди хушхабар аз тарфи Сабо бозомад…
Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,

То бипурсад, ки чаро рафту чаро бозомад?
Ӯст, ки моро бо муждаҳои осмонии худ зинда медорад:

Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд,

Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин муҳтарам нахоҳад монд.

Ҳофиз набзи моро ҳамсадои шӯру рози худ ва рози моро ҳамнавои сози худ кардааст.

Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Аз димоғи мани саргашта хаёли рухи дӯст
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.

Ҳофиз ишқ аст, ҳофиз руҳ аст, Ҳофиз дард аст, Ҳофиз давост, Ҳофиз баҳр аст, Ҳофиз бақост…

Аз садои сухани ишқ надидам хуштар,
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.

Ишқе, ки ӯ ба мо талқин мекунад, чароғи рӯшанест дар сиришти мо, ки гузаштани ҷодаҳоро осон мегардонад, ба мо тавону бовар мебахшад, майли зистанро муҷалло месозад:

Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.

Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам,
Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.

Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй Сорбон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.

Ҳофиз шоирест, ки ба дили мо, ба руҳи мо наздик аст, Ҳофиз ҳамдарду ҳамсозу ҳамзабони мост.., Ҳофиз мусиқии равони мост..

Аз дида хуни дил ҳама бар кӯи мо равад,
Бар рӯи мо зи дида чӣ гӯям, чиҳо равад.

Мо дар даруни сина ҳавое нуҳуфтаем,
Бар бод агар равад дили мо, з-он ҳаво равад.

Ҳофиз ҳамон беҳамтоест, ки сад баҳри оташинро бо амри Худо дар шабнаме ғунҷондааст:

Ҳар шабнаме дар ин раҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.

Ҳофиз ҳамеша бо мост, ӯ моро мебинад, мешунавад, мешиносад ва зеҳни ӯ ҳамеша ба рӯи мо кушода аст. Ӯ моро бо худ мебарад, ба мо ҷуръат медиҳад, ҷуръати будану зистан:

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем..

Чу дар даст аст руде хуш, бизан мутриб суруде хуш,
Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем…

Ӯ бо мост, ӯ раҳнамои мост, шоирест, ки ҳарфаш дархури ҳама давру замон, аз ҷумла замони мост:

Ҳар киро хобгаҳи охир мушти хок аст,
Гӯ чӣ ҳоҷат, ки ба афлок кашад айвонро?

Хубӣ, хубӣ, хубӣ ва боз ҳам лутфу хубист талқини Хоҷа Ҳофиз моро ҳар нафас, дидани хубӣ дар ҳар чеҳра, бурдани хубӣ ба ҳар кӯю манзил:

Рӯи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,
З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.

Мо пайваста худро дар он дарёфтаем, ки Ҳофизи бузургвор ҳамвора бо мост, мо бо ӯ меандешам, бо ӯ сарфарозӣ мекунем, ӯ дили моро бо каломи эзадияш пур медорад, ӯ раҳнамову раҳкушои мост:

Бинишин бар лаби ҷӯву гузари умр бибин,
К-ин ишорат ба ҷаҳони гузарон моро бас.

Нақди бозори ҷаҳон бингару озори ҷаҳон,
Гар шуморо на бас ин суду зиён, моро бас.

Ёр бо мост, чӣ ҳоҷат, ки зиёдат талабӣ,
Давлати суҳбати он мӯниси ҷон моро бас.

Дар ҷодаҳои равшану торик, дар кӯчаҳои шодиву ҳузн, дар лобалои қуллаҳое, ки моро ба сӯи баландии худ мехонанд, аммо дури дуранд, Хоҷа Ҳофиз ҳамеша бо мост, рӯшании каломаш, офтоби сиришташ пеш-пеши мо шаъшаъапошӣ мекунад. Ҳофиз эътимодест, ки мебарад моро, неруест, ки ба мо бовар медиҳад, каломи ӯ каломи эзадист:

Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.

Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро…

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.

Зистан бо Ҳофизи бузургвор- зистан бо фурӯғи родмардӣ, зистан бо саодати дӯстдорӣ, сафои ишқ, зистан бо неруи боваре, ки аз худ сарчашма мегирад:

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Зистан бо шеъри Ҳофиз вузуъ гирифтан аст аз таровати субҳи пок ва саодати будан. Ҳофиз он лаҳзаест, ки висол аз умри ҷовидон беҳ аст.

Зистан бо Ҳофизи бузургвор, зистан бо шеъри ӯ зистан дар марзҳои эътимоду эътиқод аст, зистан дар марзҳои бехазони ҳамеша, дар фурӯғи муҷаллои эътимоду бовар.

Ҳофизи бузургвор аст, ки бо ҳар суханаш вожа-вожа муҳаббату саодату ниёиши зиндагиро ба забони мо мегузорад, шукргузориро ба равони мо равона мекунад:

Даҳрӯза меҳри гардун афсонаест афсун
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро.

Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.

Шеъри Ҳофиз муждаи неки будан аст, бо Ҳофиз будан ноумед набудан аст, эътимод доштан ба худ ва ояндаи рӯзгор аст:

Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро

Ва ҳамчунин:

Бӯи беҳбуд зи авзои ҷаҳон мешунавам,
Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.

Ва низ:

Чу бод азми сари кӯи ёр хоҳам кард,
Нафас ба бӯи хушаш мушкбор хоҳам кард.

Давлате, ки ин бузургвор аз ҳарду ҷаҳон ёфтааст, ба ҷуз дидори ёр нест ва ӯ ҷавонмардона иқрор аст:

Таолуллаҳ чӣ давлат дорам имшаб,
Ки омад ногаҳон дилдорам имшаб

Чу дидам рӯи хубаш, саҷда кардам,
Биҳамдуллаҳ накӯкирдорам имшаб.

Ва ин садоқат ва ин вафо ба ёр дар ғояти ҷоннисорӣ ва мардонагист:

Кашад нақши аналҳақ бар замин хун,
Чу Мансур ар кашӣ бар дорам имшаб.

Хуллас, бо Ҳофиз будан бо муҳаббат, бо дӯстӣ, бо хирад, бо бовару эътимод будан аст. Бале, чунин будан шоистаи зиндагӣ ва сарфарозист.

Ва ҳаббазо ба шоире, ки ин ҳама эҳсоси гарму неку сиришти муҷаллоро ба инсонҳо мебахшад!

Ҳофизи бузургвор моро мехонад ва ҳама дарҳои лутфу инояти худро саховатмандона ба рӯямон боз кардааст. Дареғи мо, агар намебинем, ҳайфи мо агар намеравему бархурдор намешавем:

Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст,
Карам намову фуруд о, ки хона — хонаи туст!

Ва поянда ӯст, зеро:

Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ!

ДАР БУЗУРГДОШТИ ҲОФИЗ

Ҳар сатри Ҳофиз анвори ҷон аст.
Як пайки сурӣ аз осмон аст.

Хуршеди маъно дар чархи мино
К-аз ин карона то бекарон аст.

Ҳар ҳарфи Ҳофиз дасти дуоест,
Сури ниёиш, савганди ҷон аст.

Сад ноаёне дар як аён бин,
Сад нобаёне дар як баён аст.

Дилҳо шукуфанд, гулҳо шукуфанд,
Ҳар сатри Ҳофиз рӯди равон аст.

Як косаи об, як руҳи шодоб,
Як курсии нон дар рӯи хон аст.

Як сурати дил, як сирати дил,
Як пайки нусрат, овои ҷон аст.

Дунёи мо шуд дайри муғонаш,
Ризвони ҷон аст, боғи ҷинон аст.

Роҳе гулафшон дар ҷодаи ишқ,
Нури муҳаббат то каҳкашон аст.

Ҳар сатри Ҳофиз, як пайки будан,
Худро фузудан дар ҳар замон аст.

Бар сӯи мино, бар сӯи уқбо
Ҳар сатри Ҳофиз худ нардбон аст.

Як зина ҳиммат, як зина ҳикмат,
Як зина нусрат то ломакон аст.

Сози мунаввар то осмонҳост,
То арши қудсӣ як армуғон аст.

Аслу асолат, ишқу ибодат,
Сад озарахши дар мо ниҳон аст.

Хуршеди уммед андар дили мост,
Уммеди нусрат дар ҷисму ҷон аст.

Рози муҷалло, сози тасалло,
То осмонҳо аз остон аст.

Ҳар сатри Ҳофиз фарёди руҳ аст,
Руҳи Замин аст, руҳи Замон аст.

Аз мо саломе, аз мо паёме,
Ҳар вожаи он як достон аст.

Сури адолат, сури ҳақиқат
Аз дил ба дилҳост, аз ҷон ба ҷон аст.

Бар қиблаи Ҳақ, бар базми дидор
Ҳар сатри Ҳофиз бонги азон аст.

Бо мост Ҳофиз, дунёст Ҳофиз,
Дар ҳифзи гетӣ то ҷовидон аст!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 24, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОРУСОЗӢ. Барои рушди саноати истеҳсоли доруворӣ бояд аз захираҳои табиӣ ва табиат истифода намуд
Дар Бӯстон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти табобатии нурии саратонӣ таъмин гардид
Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
Чанд мулоҳиза дар бораи нусхаи тозаи «Девон»-и Ҳофиз. Эҳдо ба 700-солагии зодрӯзи Ҳофизи Шерозӣ
ШАҲРИ ҲУНАРМАНДӢ ВА ҲУНАРМАНДОН. Истаравшан макони ҷалби сайёҳон аст
ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ ДАР ТОҶИКИСТОН 10 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД. Чаро нархи гӯшт дар бозори истеъмолӣ пайваста боло меравад?
Ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва миллат аз рушди илму маориф вобастагӣ дорад
Дар Душанбе бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
ПАЁМИ ҲУВИЯТСОЗИ ҲОФИЗ. Эҳдо ба 700-солагии Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Нахустин шумораи маҷаллаи «Навиди илм» ба нашр расид