Озмунҳои ҷумҳуриявӣ завқи кадбонугӣ ва анъанаҳои хӯрокпазии миллиро эҳё менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо мақсади эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, фарҳанги хӯрокпазии мардумӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои хонадорӣ намоишу фестивал ва озмунҳои марбут ба омода намудани таомҳои миллӣ, маҳаллӣ ва муосир баргузор мегарданд.
Озмунҳои ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин», «Пухту пази таомҳои миллӣ ва муосир» ва «Таомҳои миллӣ» аз ҷумлаи озмунҳое мебошанд, ки бо мақсади эҳёи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва таҳкими ҳунарҳои аҷдодӣ гузаронида мешаванд.
Чанде қабл дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Пухту пази таомҳои миллӣ ва муосир» баргузор гардид. Ин озмун дар ҷамоату деҳаҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир шуда, дар он занону ҷавондухтарони мамлакат ҳунари хӯрокпазӣ ва дастархонороияшонро намоиш доданд. Инчунин дар озмун намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намунаи беҳтарини ҳунарҳои дастӣ ва расму ойини миллати тоҷик муаррифӣ гардид. Аз ҷониби занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳо тарзи дурусти омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва муосир нишон дода шуд.
Занони ҳунарманди ҷумҳурӣ дар ин озмун беҳтарин таомҳои суннатӣ, аз қабили оши бурида, оши туппа, оши палов, қурутоб, ширбиринҷ, нону кулчаҳои гуногун ва дигар хӯрокҳоро омода намуданд. Иштирокчиёни озмун аз рӯи якчанд шарт, аз ҷумла оростани дастархон, пухтани таомҳои гуногун, хӯришҳои миллӣ ва муосир, истифодаи дурусти зарфу асбоб, тарзи пешниҳод ва муаррифии таомҳо баҳо гирифтанд. Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонида шуданд.
Хӯрокҳои миллӣ яке аз бахшҳои муҳим ва ҷудонашавандаи фарҳанги ҳар миллат ба шумор меравад. Онҳо на танҳо эҳтиёҷоти рӯзмарраи инсонро таъмин мекунанд, балки таҷассумгари анъана, таърих ва руҳи маънавии халқ мебошанд. Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва рушди хӯрокҳои миллӣ дар Тоҷикистон мавқеи махсус касб кардааст.
Таомҳои суннатие, чун оши бурида, оши палав, қурутоб, ширбиринҷ, нону кулчаҳои танӯрӣ ва дигар навъҳои хӯрок имрӯзҳо аз ҷониби занони тоҷик ба таври хосса омода карда мешаванд.
Баргузории чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои ҷумҳуриявӣ имконият медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ ва сарфаву сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадршиносӣ карда шаванд. Ин ба пайдо намудани шавқу рағбати онҳо нисбат ба омӯзиши расму оин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа такони хуб мебахшад.
Бо талошу ташаббуси занони ҳунарманд бисёре аз таомҳои қадимӣ, ки дар баъзе минтақаҳо ба фаромӯшӣ рафта буданд, имрӯзҳо дубора эҳё ва ба насли наврас омӯзонида мешаванд. Ин раванд дар баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, тарбияи насли солим, таҳкими пояҳои оила ва ҷалби духтарон ба ҳаёти мустақилона нақши муассир дорад.
Ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ ва ҷалби ҷавондухтарон ба анъанаҳои хӯрокпазии миллӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ин раванд дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои фарҳанги бой ба ҷаҳониён низ мусоидат мекунад. Зеро ҳунари занону духтарони тоҷик дар намоишгоҳҳои сатҳи байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Мақсад аз баргузории озмунҳо ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунарҳои мардумӣ, пухтани хӯрокҳои миллӣ, эҳёи ҳунару таомҳои азбайнрафта, дар замири насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси худогоҳиву меҳанпарастӣ, идома додани касбу ҳунари модарону насли бузургсол ва маърифати оиладорӣ мебошад.
Тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»






