Роҳсозони тоҷик барои ба давлати воҳид табдил додани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузоранд
ДУШАНБЕ, 14.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси арзёбии Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон соли 2024 аз рӯйи сифати роҳҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойи аввал ва дар миқёси 165 кишвари ҷаҳон ҷойи 44-умро ишғол намуд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи роҳсозон таҷлил мегардад.
Давоми 34 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати меҳнати софдилона ва содиқонаи роҳсозон дар самти татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба давлати воҳид табдил додани мамлакат Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Сохтмони роҳу пулҳо ва нақбҳо, хусусан бунёди роҳҳои мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар мамлакат ба рушду пешрафти иқтисоди миллӣ ва баланд гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолии мамлакат мусоидат менамоянд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян гардида, бо талоши пайвастаи Роҳбари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳадафҳои стратегии рушд ноил мегардад.
Маҳз аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат ба сохтмону таҷдиди роҳу пулҳо таваҷҷуҳи махсус махсус зоҳир намуданд. Ин аст, ки тибқи иттилои Вазорати нақлиёти мамлакат, дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,5 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардида, 3 ҳазору 187 километр роҳ, 254 пул, 2 эстакадаи сесатҳа ва 2 дусатҳа, 9 нақби мошингузар, 3,6 километр долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 220 километр роҳи оҳан бо 5 пулу 3 нақб бунёду таҷдид гардид. Ҳамчунин зерсохторҳои соҳаи нақлиёт бо 761 техникаву таҷҳизоти нодири роҳнигоҳдорӣ таъмин шуданд, ки ба сифату суръати фаъолияти онҳо таъсири мусбат расонд.
Соли равон дар минтақаҳои гуногуни мамлакат чандин пулу шоҳроҳ ва дигар иншооту инфрасохтори нақлиётӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ба истифода додани шоҳроҳи Оби Гарм – Нуробод бо иштироки Пешвои миллат ва ба истифода додани пули мошингузар бо иқтидори 80 тонна дар шаҳри Хоруғ дар болои дарёи Ғунд, ки ҳар ду соҳили ин рӯдро дар мавзеъҳои Шарифобод ва Паринен пайваст менамояд, аз ин ҷумла мебошад. Инчунин 3,7 километр роҳ, 550 метр долони зиддитармавӣ ба истифода дода шуда, дар деҳаи Барсеми деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон пули мошингузар бо дарозии 82 метр мавриди истифода қарор гирифт, ки ин қитъаи роҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, ҷузъи муҳими шоҳроҳи стратегии Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб – Кулма мебошад ва тавассути гузаргоҳи марзии Кулма Тоҷикистонро бо Чин пайваст менамояд.
Инчунин дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 сентябри соли равон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд. Гуфта мешавад, ки ин яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа буда, татбиқи ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбад. Пешвои миллат зимни муаррифии лоиҳа изҳор доштанд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Дар айни замон ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имконияти транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст. Имрӯз дар назди роҳсозон ва кормандони соҳаи нақлиёти мамлакат вазифа ва уҳдадориҳои зиёд меистад, аз ҷумла, васеъ намудани гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ташкили «долонҳои сабз», бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва мувофиқи стандартҳои муосири байналмилалӣ бунёд кардани терминалҳои наздисарҳадӣ, такмили стандартҳои экологиву иҷтимоии таҳияи лоиҳаҳои бунёду навсозӣ ва истифодаи роҳҳо бо мақсади мутобиқ намудани онҳо ба принсипҳои иқтисоди «сабз», сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳамин қабиланд.
Дар баробари бунёди роҳҳо ба сифати сохтмон ва нигоҳдорию истифодаи онҳо низ диққати махсус дода мешавад, зеро роҳҳо на барои як-ду сол, балки барои даҳсолаҳо сохта мешаванд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад






