Сафири Тоҷикистон бо Котиби Шурои олии фазои маҷозии Эрон мулоқот намуд

Сентябрь 18, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Котиби Шурои олии фазои маҷозӣ, Раиси Маркази миллии фазои маҷозии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидамини Оғомирӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкории ду мамлакат дар бахши фазои маҷозӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани лоиҳаи муштарак барои тарғиби фарҳангу тамаддуни муштараки ду давлат дар фазои маҷозӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон

Сентябрь 18, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд