Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 26.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолияти боз як корхонаи саноатӣ – ҶДММ «Зиннат Гач» оғоз бахшиданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35- умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Абдулҳафиз Раҳимов сохта шуда, собит мекунад, ки соҳибкорон дастгириҳои давлат аз бахши хусусиро хуб истифода мекунанд.
Дар корхона бо истифода аз конҳои амалкунандаи ҳудуди шаҳри Ваҳдат гачкартон, ғуррагачҳо, ранг, намудҳои ширеши тахтасангҳои ба обу намнокӣ тобовар ва дигар молҳои ивазкунандаи воридот мутобиқ ба талаботи стандартҳои дохилу хориҷ истеҳсол карда мешаванд. Иттилоъ дода шуд,ки 75 дарсади ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад.
ҶДММ Зиннат Гач бо тавлиди 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумлаи калонтарин корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Ваҳдат аст.
Шаклу андозаҳои гачкартон гуногун буда, ба гармӣ ва намнокӣ тобовар мебошанд. Ин маҳсулот дар таъмиру ороиши девор ва сақфи иншооти гуногун васеъ истифода мегардад.
Хатҳои технологӣ насли нави истеҳсоли кишварҳои пешрафта буда, иқтидори лоиҳавӣ дар як сол як миллион гачкартон ва 50 тонна маҳсулоти дигари сохтмониро ташкил менамояд.
Мутахассисон ашёи хомро қабл аз коркард бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот санҷида, сипас барои истеҳсолот пешниҳод менамоянд. Ин раванд эътимод ба сифат ва рақобатпазир будани маҳсулотро бештар мекунад.
Дар шароте, ки сохтмон дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад, бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ аҳамияти хеле бузург дорад.
Пас аз ба фаъолият оғоз намудани иншоот 40 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, ин шумора ояндаи наздик ба 100 кас расонда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми гурӯҳи соҳибкоронро дар самти бунёди иншооти нави саноатӣ, ки дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – “Саноатикунонии босурати кишвар” нақш мегузорад, муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин тадбир ба истифодаи васеъи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, коҳиши вобастагӣ аз воридот, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисод ва дар маҷмуъ ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаҳои воқеӣ мегузорад.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои қудратӣ тағйироти кадрӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






