Соҳибкорону сокинони ноҳияи Восеъ роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорону сокинон беш аз 8 километр роҳи байни деҳаҳо мумфарш ва чароғон гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Кадучии ноҳия дар айни замон бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ ва мутахассисону сокинон тахту ҳамворкунӣ, сангфаршкунӣ ва насби обравҳо дар канори роҳ идома дорад. Роҳи мазкур бо дарозии беш аз 300 метр ва паҳноии 6 метр бунёд мегардад, ки равуои сокинони ин мавзеъро дар ҳама фасли сол осон мекунад.
Инчунин аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти хизматрасонӣ ва толори варзишии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёди 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта, то имрӯз 220 адади он ба истифода дода шудааст. Иншооти нақшавӣ асосан самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасонию савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ








Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд






