Судяҳои Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Чин иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории судӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар машварати омӯзишӣ оид ба мурофиаи маъмурии судҳои Чин дар Вилояти Мухтори Синтзян-Уйғур (шаҳри Урумчӣ) ва шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд, ки 29 август оғоз шуда, то 10 сентябр идома ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи барномаи омӯзишӣ иштирокчиён бо директори Коллеҷи миллии судяҳои Чин мулоқот намуда, дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба ибрози андеша карданд.
Дар машварат муовини раиси Суди Олии Чин Тао Кайюан бо таъкиди зарурати таҳкими робитаҳои судӣ байни Тоҷикистону Чин мубодилаи таҷрибаро омили муҳим барои такмили фаъолияти судӣ арзёбӣ намуд.
Ин иқдом бо мақсади таҳкими ҳамкории судӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо амалӣ гардида, заминаи муҳими мубодилаи таҷриба ва омӯзиши низоми мурофиавии судии Чин ба ҳисоб меравад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






