Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ ҳамкориро дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо намояндаи доимии навтаъйини Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипта Мукерҷӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия гуфтугӯи судманд анҷом дода, масъалаи роҳандозӣ намудани таҷрибаи давлатҳои пешқадам дар самти амалисозии барномаҳои зиддикорупсионӣ, махсусан роҷеъ ба шаффофият ва ҳамгироӣ байни бахшҳои оммавию хусусӣ бо ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ намуданд.
Судипта Мукерҷӣ ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат ба коррупсия баҳои баланд дод.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади паст кардани шиддати коррупсия дар кишар ва муқовимат бар зидди ин зуҳурот давоми солҳои оянда дар доираи барномаҳои муштараки зиддикоррупсионӣ ҳамкориро густариш диҳанд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






