«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад

Сентябрь 11, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардида, то 30 сентябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин даври озмун 509 нафар ғолибони даври дуюм иштирок менамоянд. Даври сеюми озмун аз рӯи номинатсияҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа  Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Ёдовар мешвем, ки 5 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид