Афзалияти стратегии Тоҷикистон дар самтҳои идоракунии устувори молияи давлатӣ, молияи «сабз» ва иқлим дар Амрико баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтон мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷиҳад Азур баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуда, нақши дастгирии Хазинаи байналмилалии асъорро дар татбиқи ислоҳот ва таҳкими устувории молиявӣ дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд.
Мусоҳибон барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо назардошти афзалияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои идоракунии устувори молияи давлатӣ, молияи «сабз» ва иқлим, идоракунии қарзи давлатӣ ва ғайра изҳори омодагӣ намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба татбиқи саривақтии ислоҳот ва лоиҳаҳои авлавиятнок мусоидат менамоянд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






