Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва намояндагони Маркази байналмилалии илмию техникӣ Андреа Чианг, Туна Онур ва Ҷош Стачник густариши ҳамкорӣ дар самти сейсмологӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳамсуҳбатон барои дар оянда гузаронидани конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, машваратҳои илмӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак дар самти сейсмологӣ бо иштироки олимони муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ба мувофиқа расиданд.
Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар доираи якчанд лоиҳа ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст. Академия тасмим гирифтааст, ки дар заминаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи академия маркази омӯзишӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро дар самти сейсмологӣ бо дастгири шарикони хориҷӣ ташкил кунад.
Бояд гуфт, ки ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар доираи лоиҳаҳои SNECCA ва SIMI амалӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳаи SNECCA дар қаламрави Тоҷикистон модернизатсияи 5 истгоҳи рақамии васеи сейсмикӣ анҷом дода шуда, ҳамчунин 3 истгоҳи нави рақамии васеи сейсмикӣ таъсис ёфтааст. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе се истгоҳи сейсмикӣ, ки ба онҳо истгоҳҳои ҳаракатҳои шадиди хок ном дода шудааст, ташкил карда шуданд.
Дар доираи лоиҳаи SIMI нигоҳдории истгоҳи сейсмикӣ «Симиганҷ», ки узви шабакаи ҷаҳонии GNS (шабакаи глобалии сейсмографӣ) буда, соли 2016 бо таҷҳизоти муосири сейсмикӣ муҷаҳҳаз карда шудааст, амалӣ мегардад. Ҳамчунин коркарду таҳлили додаҳои ҳаракатҳои шадид, ки ҳам аз ҷониби истгоҳи сейсмикии «Симиганҷ» ва ҳам аз истгоҳҳои ҳаракатҳои шадид сабт мегарданд, иҷро карда мешавад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






