Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи авиатсия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл мулоқот намуда, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкати истеҳсолкунандаи киштиҳои ҳавоии «Airbus» ва ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Фаронса барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҷалби сармояи хориҷиро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамзамон масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Тоҷикистон ва Фаронсаро баррасӣ карданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки баъди қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати осмони кушод» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба ҳама намуди хизматрасониҳо тахфиф эълон намуд.
Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии фаронсавӣ ба воситаи 4 фурудгоҳи Тоҷикистон: Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» ҳамкорӣ намояд.
Чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






