Ҷавонони далери шаҳри Бӯстонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд

Октябрь 2, 2025 12:05

ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /«Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд маросими гусели ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Зимни ҷамъомад иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ шуморида, таъкид медоранд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ватан-Модар шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург доранд».

Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ҷамъомад ба як зумра даъватшавандагон, ки даври омӯзишии ронандагиро хатм намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Октябрь 2, 2025 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид