Аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 29 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст

Октябрь 9, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  моҳи январ то июли соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия 29,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.

Маҳсулоти содиротшуда нисбат ба  ҳамин давраи соли 2024  18,0 ҳазор тонна ё аз ҷиҳати ҳаҷм 2,6 баробар ва арзиши гумрукӣ 8,5 миллион доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.

Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоти тару тоза, мева, меваи хушк, ангур, асал, чормағз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда мешавад.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот 14,6 тонна (аз ҷумла 13,6 тонна пиёз), меваҷот 8,3 ҳазор тонна (аз ҷумла 642 тонна ангур), меваи хушк 6,2 ҳазор тонна ва чормағз 229 тоннаро ташкил медиҳад.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 содироти сабзавот 13,3 ҳазор тонна ё 11,9 баробар (аз ҷумла пиёз — 12,6 ҳазор тонна ё 13 баробар), мева — 3,4 ҳазор тонна ё 70 фоиз (аз ҷумла ангур — 642 тонна ё 100 фоиз), меваи хушк — 642 тонна ё 100 фоиз ва чормағз — 165 тонна ё 3,6 баробар зиёд аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки ҳамчун содироткунандаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинохта шудааст.

Хушкмева аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий ва натрий бой мебошад. Хушкмева хусусияти хуб дорад ва онро метавон ба муддати дароз дар шароити хона нигоҳ дошт.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад