Бо ташаббуси Тоҷикистон ҳамоҳангии талошҳои ИДМ, СААД ва СҲШ дар мубориза бо тундгароӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Минск бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии махсус таҳти унвони «Ҳамоҳангии талошҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар самти рафъи тундгароӣ: хатарҳо ва имкониятҳо» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш дабири кулли СҲШ, роҳбарияти котиботи ИДМ, СААД, Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, инчунин намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ва Раёсати зиддитеррористии СММ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Бахтовар Сафарзода талошҳои Тоҷикистонро, ки ба таҳкими абзорҳои муштараки таъмини амният, такмили чораҳои пешгирикунанда ва рафъи тундгароӣ дар доираи ҳамкории бисёрҷониба равона шудааст, муаррифӣ намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш аҳамияти таҳкими талошҳои муштараки ИДМ, СААД ва СҲШ-ро дар самти рафъи тундгароӣ таъкид карда, роҷеъ ба таҷриба дар татбиқи чораҳои пешгирикунанда табодули афкор анҷом доданд. Ҳамчунин омодагиро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар чорчӯбаи абзорҳои бисёрҷонибаи амниятӣ изҳор доштанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд






