Дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дурнамо ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид

Октябрь 14, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа, ки таҳти ҳамраисии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ доир гардид, масъалаҳои мубрами марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, соҳибкорию сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ гардиданд.

Дар ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таҳкими ҳамкории ду давлат ва дурнамои он муҳокима шуд.

Ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳори алоқамандӣ намуданд.


Таъкид гардид, ки ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, сайёҳӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика муҳим мебошад. Инчунин ба роҳ мондани хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи ҳамкории ду давлат арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки он ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар маҷмуъ ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ байни ду давлат мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа ҳамзамон таъкид шуд, ки фаъолияти Шурои соҳибкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки соли 2024 таъсис ёфтааст, тақвият дода шавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода иброз намуд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар сатҳи хуб қарор дорад. Робитаҳо байни ду давлат дар сатҳи роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хеле қавӣ буда, он барои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Ёдоварӣ шуд, ки Арабистони Саудӣ яке аз аввалинҳо шуда, барои татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон- Неругоҳи барқи обии «Роғун» маблағгузорӣ намуд. 100 миллион долларе, ки Фонди саудии рушд нахустин шуда, барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кард, ба татбиқи тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун» нигаронида шуда, намунаи барҷастаи ҳамкории иқтисодӣ байни ду давлат арзёбӣ мегардад. Инчунин тавассути Фонди саудии рушд барои татбиқи чандин лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Ҳамзамон Арабистони Саудӣ яке аз саҳмгузорони асосии Бонки исломии рушд мебошад. Ин бонк ҳамкории зиёди сармоягузории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондааст, аз ҷумла дар соҳаи объёрии заминҳои нав, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, соҳаи маориф ва ғайра. Инчунин дар татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» саҳми муносиб дорад, ки ин ҳам саҳми Арабистони Саудӣ тавассути Бонки исломии рушд ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.


Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ иброз намуд, ки «Арабистони Саудӣ ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст». Таъкид гардид, ки байни ду давлат дар самти рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ шароиту имконияти зиёд мавҷуд аст, ки истифодаи самараноки он ба манфиати ҳарду мамлакат мебошад.

Баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе қадами муассир дар рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ мегардад.

Дар анҷоми ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва инчунин дигар санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок ба имзо расонида шуданд. Ин ба тақвияти дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нигаронида шудааст.

Ҳайати баландпояи Арабистони Саудӣ, иборат аз намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, ширкатҳои бонуфузи саудӣ таҳти роҳбарии Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягзории «Душанбе Инвест-2025», ки 14 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, дар Тоҷикистон қарор дорад.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати «ACWA Power» дар доираи татбиқи тарҳи энергетикӣ дар Тоҷикистон неругоҳи офтобӣ месозад
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетика тақвият меёбад
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» масъалаи муқовимат ба коррупсия баррасӣ карда шуд
Барои татбиқи лоиҳа оид ба ҷорӣ намудани нақлиёти ҷамъиятии барқӣ дар Хатлон созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Дурнамои ҳамкории иқтисодӣ ва афзоиши гардиши савдои Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?