Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид

Октябрь 20, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор аз кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба ноустувории бозорҳои молиявӣ, маблағгузории лоиҳаҳо оид ба тағйирёбии иқлим, омода кардани бахшҳои молиявӣ ба ояндаи «сабз», рақамисозии иқтисодиёт, стратегияҳои устувории бахшҳои молиявӣ, нақши мақомоти идорӣ дар коҳиш додани хатарҳои марбут ба иқлим дар бахшҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар мавзуи таҳкими устувории иқтисодӣ ва дурнамои рушди минтақавӣ сухан намуд. Ӯ гуфт, ки номуайяниҳо ва тағйироти сиёсати пулӣ дар иқтисодиёти бузург, болоравию поиншавии пардохтпазирӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ноустувории қурби асъор метавонад ба иқтисоди кишварҳои хурд таъсир расонад. Барои коҳиши чунин хатарҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои байналмилалиро тақвият бахшида, идоракунии қарзро беҳтар менамояд. Ҳамзамон Бонки миллии Тоҷикистон гузариш ба низоми ҳадафманди таваррумро тадриҷан такмил дода, шаффофияти сиёсат ва иртибот бо ҷомеаро беҳтар менамояд.

Дар доираи «Стратегияи фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022–2026» лоиҳаҳои зиёд барои дастгирии занон, ҷавонон ва соҳибкории хурд амалӣ мегарданд. Ин иқдом на танҳо фарогирии молиявиро меафзоянд, балки рушди сармояи инсонӣ ва соҳибкории рақамиро низ дар минтақа тақвият медиҳанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳамзамон бо директори минтақавии Хазинаи байналмилалии асъор барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Такаши Нагаока мулоқот намуд. Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ дар доираи Барномаи JISPA ибрози назар намуданд.   

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд